Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Подшоҳи Қулзум Водарегро гирифта бурду тӯю тамошоро сар кард, Водарег гуфт:
– Шавҳари ман дина кушта шуд. Ман чил рӯз азо мегирам, баъди чил рӯз ихтиёри ман ба подшоҳ.
Сию нӯҳрӯза мӯҳлати Водарег гузашт. Рӯзи чилум подшоҳи Қулзум ба тараддуди тӯй шуд. Водарег хафаю ҳиҷил дар қасри подшоҳ нишаста буд...
Ҳамин вақт канизаки подшоҳ ба лаби ҳавз баромада, ба офтобаи тиллоӣ об гирифтанӣ буд, ки як қаландар омад.
– Духтарам, ин тараф биё, ман бо ҳамон офтобаат об хӯрам, савоб мегирӣ, – гуфт.
– Не, ояам ҷанг мекунанд, – гуфт канизак.
– Оят кӣ? – пурсид қаландар.
– Ояам Водарег, – гуфт канизак.
– Оят кай медонад, ки ман аз офтобаи ту об хӯрдам. Биё, савоб мегирӣ, – гуфту аз дасти канизак офтобаро гирифта, обро хӯрду, оҳиста ангуштаринашро ба офтоба андохта ба канизак таъйин кард: Агар оят «ба дастам об андоз» гӯяд, камтарак андоз, боз «об андоз» гӯяд, боз камтар андоз, «дурусттар андоз» гӯяд, ҳамаи обро чаппа куну худат гурез. Канизак обро бурда буд, ки Водарег гуфт:
– Ба дасти ман об андоз!
Канизак камтарак об андохт.
– Боз андоз, – гуфт Водарег.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё