Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Хеста бошетон, ба роҳ дароетон, ки ман
— подшоҳи шумо дар банд афтодааму юғ дар гарданам, аз саҳар то шом ҷувоз мекашам.
Духтари оҳангар хатро хонда, либосҳои мардона пӯшида, шоф ба миёнаш овехта, қамчин ба даст гирифта, аспсавор ба сафар баромад.
Чанд рӯз гашта, ба мамлакати Маликаподшоҳ расиду дарвозаи қасри ӯро тақ-тақ кард.
Дарбонҳо дарвозаро кушода пурсиданд, ки ӯ чӣ мехоҳад.
Духтар гуфт:
— Ман омадам, ки ба саволҳои Малика ҷавоб гӯяму шартҳояшро иҷро кунам.
— Эй ҷавони зебо, — гуфтанд дарбонон, — аз ту донотарҳо омада, ба саволҳои Малика ҷавоб гардонда натавониста, ғулом шуда гаштаанд, ту худро беҳуда ба азоб мононда, юғи ғуломиро ба гардан гирифта чӣ кор мекунӣ? Озодӣ — давлати калон. Озодиатро ғанимат дону ба роҳи худ рав!
— Маро ба пеши Малика баред! — хоҳиш кард духтар.
— Мо ба ту раҳмамон омада ин гапро гуфтем,
нахоҳӣ рав, юғи ғуломиро бардошта гаштан гир!
— гуфта дарбонон ба духтар ҷои Маликаро нишон доданд.
Канизакон духтари оҳангарро пеши Малика гирифта дароварда рӯ ба рӯи Малика шинонданд. Малика ба саволдиҳӣ шурӯъ кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё