Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

— Одам бо чӣ зинда аст? — пурсид Малика.
— Бо умед, — ҷавоб дод духтар.
— Нишораи пирӣ чист?
— Нишораи пирӣ ноумедист.
— Нияти нек чисту нияти бад чист?
— Нияте, ки нияти ҳамаи мардум аст, нек аст. Нияте, ки нияти як касу бар зарари мардум аст, бад аст.
— Бадниятӣ аз чӣ маълум мешавад?
— Аз чашму аз гапу аз рафтор.
Малика ҳамин хел боз якчанд савол дод. Духтар ҷавоб гуфт.
— Ту доно будӣ, ба ҳамаи саволҳо дуруст ҷавоб гардондӣ, — гуфт Малика, — акнун шартамро шунав. Падари ман ангуштарине доштааст, ки ба се девкампир итоат мекардааст. Баъди вафоти падарам девҳо ангуштаринро дуздида рафта, аз итоати падарам баромадаанд. Ҳамон ангуштаринро ёфта омада, девҳоро ба итоати ман медарорӣ.

Духтар чил рӯз мӯҳлат гирифта, аз қасри Маликаподшоҳ баромада рафту як кам чил рӯз дар дашту дарёю кӯҳу кӯтал гашта, нишонӣ аз девҳо наёфт. Маъюсу ноумед шуда «то ғуломи Малика шудан, дар ҳамин кӯҳу саҳро мурда рафтанам беҳтар» — гӯён, зини аспашро гирифта, зери сар гузошта, дар таги як ҷанор хоб кард. Баъди чанд вақт бедор шуд, ки дар пешаш як ха-

пешина
аз 161
навбатӣ