Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Духтар ба як асп савор шуда, бо роҳи дигар пештар омада, ба хонааш даромад, либосҳояшро дигар карда, ба ҷои худ нишаст.
Як вақте хабар омад, ки подшоҳ Маликаподшоҳро оварда истодааст.
Вазирҳо, ясавулҳо, саркардаҳо, донишмандону пирони хирадманд ба пешвоз баромада, ба як фарсанг роҳ пойандоз андохта, подшоҳро бо иззату икром ба қаср гирифта даромаданд.
Подшоҳ духтари оҳангарро ҷеғ зада гуфт:
— Мана, ман Маликаподшоҳро гирифта омадам, бо чашми худ бину хизматашро кун, не гӯй, мефармоям, зада мекушандат.
Духтар рафта, либоси мардона ба бар, телпаки қазоқӣ ба сар мӯзаи булғорӣ ба по пӯшида, камарбанди тило ба миён баста, шофу қилич ба камар овехта, қамчин ба даст омада гуфт:
— Эй подшоҳи аблаҳ, магар ҳамин духтари оҳангар набуд, ки туро аз ҷувозхона озод карда, Маликаподшоҳро ба дасти ту дод?!
Маликаподшоҳ бошад, ин воқеаро дида, ба сари подшоҳ омада гуфт:
— Лаънат ба ин хел подшоҳ, ба ин хел одаме, ки қадри ин хел занро надониста, аз паи зани дигар равад!
Ҳамин тавр духтари оҳангар ба муроду мақсади худ расид, шумо ҳам расед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё