Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Аз таҳхона овози ҷувоз баромад. Духтар фаромада дид, ки подшоҳ дар гарданаш юғ, зӯр зада, гирди кундаи ҷувоз мегардад, ҳар бор ки сустӣ кунад, ҷувозрон ба пушти вай як қамчин мезанад.
— Асп ёфт нашуд, ки як одамро ба ҷувоз бастаед! — гуфта духтар ба Маликаподшоҳ дӯғ заду фармон дод, ки подшоҳро аспбон таъин кунанд.
Баъд духтар Маликаподшоҳро ба шаҳри худ гирифта рафтаӣ шуд. Ду асп тайёр карданд.
Духтар ба Маликаподшоҳ гуфт:
— Ҳамон аспбонро ҳамроҳи худ мегирем, дар роҳ аспҳоямонро нигоҳубин мекунад.
Подшоҳро ҳамроҳ гирифта ба роҳ баромаданд.
Дар сари як чашма нишаста, хӯрок хӯрданд.
Баъд «шавҳар»-и Маликаподшоҳ шоҳро чеғ заду гуфт:
— Эй аспбон, як аспу ҳамин Маликаподшоҳро ба ту додам.
— Эй балои шумо подшоҳбачаро гирам, — гуфт аспбон, — ҳазл накунед, зану аспатон ба худатон насиб кунад.
Духтар ҳанҷарро бароварда гуфт:
— Агар гапи маро нагирӣ, худи ҳозир мекушамат!
Подшоҳ:
— Хайр, хайр, ҷонам қурбони шумо шавад, орзуи ман ҳамин буд! — гӯён қабул кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё