Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
— Хайр, оши палав бе гӯшт ҳам мешавад, — гуфта духтар сабзӣ пок кард. Ҳамин, ки сабзиро пок карда шуд, аз куҷое харгӯше ҷаҳида-ҷаҳида омада, ба ӯ нигарист.
— Эй бечора, ту гушнай, ма, бихӯр, сер шав! — гуфта духтар сабзиро пеши харгӯш партофт.
Харгӯш курт-курт хӯрду бозию шодикунон баромада рафт.
— Хайр, ош бе гӯшту сабзӣ ҳам мешавад, — гуфта духтар биринҷро паҳн кард, то ки аз курмаку сангмайда тоза кунад. Ҳамин вақт як села мургакон парида омаданду дар як он донаҳои биринҷро чида-чида хӯрда парида рафтанд.
Мард омада ба оташдон нигоҳ кард, ки на дар сараш дег асту на дар таги дег алав.
Ба хона даромада дид, ки духтар чор қабат кӯрпа партофта хоб рафтааст. Духтарро бедор карда, аз дасташ гирифта, ба ҳавлии ҳамсоя гузашту ба падараш гуфт:
— Ин духтари беҳунаратро бигиру куртаамро деҳ!
Ҳамсоя гуфт:
— Ин духтарам маъқул набошад, духтари миёнаамро ба шумо медиҳам.
Мард духтарро гирифта ба хонааш оварда гуфт:
— Апаат як духтари беҳунар будааст, ту ин хел набош!
— Хайр, ман чӣ кор кунам? — пурсид духтар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё