Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
— Ҳавлӣ тоза кун, харро озода карда мон, ман савор шуда, ба меҳмонӣ меравам.
Духтар:
— Ба дилу ҷон! — гуфту саҳни ҳавлиро об зада, рӯфт, тоза кард, ба дег об андохта, гарм карда, харро аз оғилхона бароварда, собуншӯй кард, ба дасту пояш ҳино баст, ба чашмонаш сурма кашид, ёлу думашро шона карда, пӯпакҷаҳо овехт.
Мард омада, харро дида, хандааш омаду: «ин духтар ҳам бекора будааст» гуфта, аз дасташ кашида, ба ҳавлии ҳамсоя гузашта:
— Куртаамро деҳу духтаратро бигир! — гуфт.
— Хайр, ин духтарам ҳам маъқул набошад, духтари хурдиамро гиред! — гуфт ҳамсоя. Мард духтари хурдиро ба хонааш оварда, фармуд, ки нон назад, ҷомашӯй кунад. Духтар хамир хобонда, машғули ҷомашӯй шуд, хамираш расид, нон рост мекард, ки аз даруни ҷоҳе, ки дар канори ҳавлӣ буд, қур-қур садои қурбоққа баромад. Назди ҷоҳ омаду пурсид:
— Ҳа, холақурбоққа, чӣ мегӯед?
Қурбоққа боз қур-қур кард.
— Ҳа, гапатонро фаҳмидам, — гуфт духтар, шумо мехоҳед нон пазеду ман ҷомашӯииамро тамомом карда, шуштаҳоямро ба тор овезам.
— Қур-қур, – дар ҷавоб шунида шуд.
— Ҳозир! – гуфта духтар нонҳои рост кардаашро оварда, ба ҷоҳ партофту гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё