Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

— Рав, гӯй, ки ман дигар рӯи ин хел шавҳарро дидан намехоҳам! — амр кард духтар.

Ака парида рафт. Духтар хеле нишаст, зиқ шуд, гиря кард.

Як замон як уштури зери бор намоён шуд, ки аз корвон ҷудо шуда, ба саҳро гурехта буд. Уштур рост пеши духтар омад. Духтар ҷиғот андохта гуфт:

— Ман гапи мурғи ких-кихро нагирифта, пеш кардам, акнун шавҳарам ту, холагардандарозро, фиристод, ки далолат кунӣ, то рафта, бо ӯ оштӣ шавам?!

Уштур сар ҷунбонд.

— Хайр, модом ки шавҳарам боз туро фиристодааст, аз таҳи дил оштӣ шудан мехоҳад, — гуфт духтар, аз ҷояш хесту аз лаҷоми уштур дошта, ба хонаи шавҳараш омад.

Мардак уштуру бори уштурро дида, ҳайрон шуду ба занаш гуфт:

— Хайр, ту ба хона дарову камтар хоб рав, ҳамин, ки аз осмон шӯрбову қайла борид, ман туро бедор мекунам.

Духтар даромада хоб кард. Мард шӯрбо пухта, ба як коса кашида, косаро ба миёни ҳавлӣ гузошту занашро бедор карда гуфт:

— Аз осмон шӯрбову қайла борид, ман барои ту гирифта мондам, баро, гир, хӯр.

Зан баромад, шӯрборо пок-покиза хӯрд.

Аз миён чанд рӯз гузашт. Сорбонҳо уштура-

пешина
аз 161
навбатӣ