Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
шонро кофта, ба шаҳр омаданду ба ҳоким арз карданд. Ҳоким ба надимонаш фармуд, ки ба чор тараф рафта пурсуҷӯ кунанд. Ду – се кас ба онҳо гуфт, ки чанд рӯз пеш як духтар як уштурро аз лаҷомаш гирифта, ба фалон кӯча, фалон ҳавлӣ бурд. Рафта, занро ёфта, ба пеши ҳоким оварданд. Ҳоким аз ӯ пурсид:
– Ту ҳамин хел уштурро бо бораш дидӣ?
– Ҳа, шавҳарам аввал маро пеш кард, баъд холагардандарозро фиристод, ки рафта маро ёфта, бо ӯ оштӣ диҳад.
– Кай шуда буд ин воқеа? – пурсид ҳоким.
– Ҳамон рӯз, ки аз осмон қайлаву шӯрбо борида буд, – гуфт духтар. Ҳоким ин гапро шунида, фикр кард, ки кадом одами сиҳат ин хел гапҳо мегӯяд?
Ҳамин хел фикр карду ба надимонаш фармуд, ки духтарро аз маҳкама бароварда гусел кунанд.
Мард бошад, худ ба худ гуфт: «мегӯянд, ки аз тақдир ҷойи гурез нест, ҳамин гап дуруст будагӣ барин. Ба ман ба ҷойи як курта се маротиба зан доданд, ҳар сеяш як хел. Беҳтар нест, ки ба тақдир тан диҳаму бо ҳамин зан зиндагӣ карда гардам?». Ҳамин хел фикр карду ба духтар гуфт:
– Уштурро бурда ба ҳоким деҳ, ба соҳибаш супорад, ба мо моли кас даркор не, моли кас насиб намекунад.
Духтар гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё