Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Қадоқ; ман мегӯям, ки даҳ қадоқ. Бигӯед ки гапи кадоми мо дуруст аст?
Ин гапро шунида, оташи хашми подшоҳ дучанд боло гирифту фармуд, ки деҳқони беҳаёро ба зиндон партоянд.
Надимони подшоҳ ӯро кашида бурда, ба зиндони торик партофтанд. Деҳқон дар як кунҷи зиндон нишаста гирифту ба фикр рафт ва баъд худ ба худ гуфт: «Охир ӯ кӯзаи пури тило ёфта буд-ку, бараш ин қадар, — деҳқон ду дасташро рӯбарӯ оварда, ҳаҷми шиками кӯзаро, як дасташро аз оринҷ боло карда, қади кӯза, ангуштони дастонашро ба ҳам оварда, даҳони кӯзаро тасвир кард ва баъд гиребонашро гирифта, «тавбатавба» гуфта монд.
Зиндонбон рафтори деҳқонро як муддат тамошо карду баъд пеши подшоҳ рафта, гуфт:
— Ин зиндонӣ аҷаб ҳаракатҳо мекунад.
— Чӣ ҳаракатҳо? Зуд ба назди ман биёред ӯро! — фармуд подшоҳ. Ӯро пеши подшоҳ оварданд.
— Бигӯ. Ту пичир-пичир карда чиҳо мегуфтӣ? Дастонатро ба ҳаракат оварда, чӣ чизҳоро нишон медодӣ? — пурсид подшоҳ аз деҳқон бо таҳдид.
— О, подшоҳи мамлакат, — гуфт деҳқон. — Ман имрӯз замин шудгор мекардам, кӯзаи обам дар сари замин монд. Дар ин мамлакат чӣ бисёр дузд, мумкин кадомаш кайҳо гирифта рафтааст

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё