Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

АфсонаҚисса
Аз аввал хондан

Посбон пурсид, ки:

  • Ба ин ҷо як марди савора наомадааст?
  • Ҳа омад, - ҷавоб дод посбон.
    «Оҳ, Худоё, - ба воҳима афтод деҳқон, вай албатта, ба подшоҳ сирри тилоро гуфтааст. Тезтар даромада, ин кӯзачаро ба дасти худи подшоҳ надиҳам, корам хуб намешавад. Подшоҳ кӯзаро гирад, ба ман раҳм мекунад, албатта».

Деҳқон ҳамин хел фикр карду ба посбонон гуфт:

  • Ман ба подшоҳ як кори зарур дорам.
    Посбонҳо ин гапро шунида, ба ӯ рухсати даромадан доданд. Деҳқон ба саҳни қаср қадам монда буд, ки подшоҳ ҳамроҳи надимонаш рӯбарӯ баромад. Деҳқон баъди салому таъзим халтаашро ба дасти подшоҳ дод. Надимонаш халтаро кушода, аз дарунаш сангеро бароварданд.

Подшоҳ дар ғазаб шуда, ба сари деҳқон дод зад:

  • Ин чӣ кори кардагиат?! Чаро ин санги бекораро пеши ман овардӣ?!
    Деҳқон аввал ҳайрон шуд, баъд худро ба даст гирифта гуфт:
  • Эй подшоҳи муаззам, эй султони бокарам. Донотарин одам дар ин мамлакат ва ҳокими мамлакат шумоед, ин ҷо ҳукми шумо даркор. Як зани худдонам дорам, мегӯяд, ки ин санг - ҳашт
пешина
аз 161
навбатӣ