Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Ғоре дид. Ба ғор даромаду бист хум тило ёфт. Аз як хум як каф тилоро гирифту бозӣ карда — бозӣ карда мерафт, ки ӯро чор савдогар дида:
— Ҳой, бача, тилоро аз куҷо ёфтӣ? — гуфта пурсиданд.
— Ҳо ана аз он ғор, — гуфта Абдуҳалим ғорро нишон дод.
Савдогарҳо бист хум тилоро ба шутурҳо бор карда, маслиҳат карданд, ки бача беақл бошад ҳам, бехислат не, ҳамроҳаш унс гиранд, беҳтар.
Ӯро ба қаҷова андохта, ба уштур бор мекунанд. Абдуҳалимро иззату икром карда «чӣ мехӯрию чӣ мемонӣ?» — гӯён бурдан мегиранд. Дар роҳ тилоҳоро тақсим карда мегиранду барои ҳиссаи бача ҷанҷол мебардоранд. Яке мегӯяд, ки ман мегирам, дигаре мегӯяд, ки ман мегирам. Охир яктааш мегӯяд:
— Биёед ӯро мефурӯшему пулаша тақсим карда мегирем.
Абдуҳалимро ба бозори ғуломон мебаранд. Дар сари вай харидори бисёре ҷамъ мешавад. Ҳамон рӯз подшоҳи ҳамин мамлакат ҳам «як нафар хизматгор харида биё» — гӯён ба бозор одам мефиристад. Одами подшоҳ подшоҳбачаро ба чорсад танга мехараду ба даргоҳи подшоҳ мебарад. Бача ҳар коре, ки фармоянд, не нагуфта, аз дилу ҷон иҷро кардан мегирад. Ҳама вайро иззату ҳурмат мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё