Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Подшоҳ як духтар дошт, номаш Садафмоҳ буд. Ҳамон духтар Абдуҳалимро дӯст медорад. Ба Садафмоҳ аз чор тараф шоҳзодаҳо, бойбачаҳо хостгорӣ меоянд. Садафмоҳ бошад «ман ба ҳеҷ кадоми инҳо намеврасам», мегӯяд.

Подшоҳ мегӯяд:
— Рафта фаҳметон, барои чӣ духтарам ин хел мегӯяд?

Як надими подшоҳ мегӯяд:
— Эй подшоҳи олам, агар аз як қошуқ хунам гузаред, ман як сирро ба шумо мегӯям.
— Бахшидам, тезтар гап зан, – мегӯяд подшоҳ.
— Эй подшоҳи олам, духтаратон ба ҳамон ғуломбачаи зархарид дил бастааст, агар бовар накунед, духтаратонро ҷеғ зада пурсед.

Подшоҳ духтарашро ҷеғ зада мепурсад. Садафмоҳ мегӯяд:
— Надим рост гуфтааст, ман ҳамон ғуломбачаро дӯст медорам.

— Эй подшоҳи олам, – мегӯяд вазир, – наход шумо ба ғулом духтар диҳед? Мардум ба ҳоли ману шумо механданд. Агар духтаратон ҳамин хел якравӣ кардан гирад, ғуломбачаро гиреду ба зиндон партоеду ба духтаратон «панҷ – шашсола» ба хизмат ба фалон шаҳр фиристодам гӯед. Духтаратон чанд вақт доду фиғон мекунаду баъд ба тақдир тан дода, ба ягон шаҳзода расида меравад.

пешина
аз 161
навбатӣ