Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Гатро парида, чашмонатро пуроб мебинам?!

Давлатхотун худро ба пеши пои холаш партофту сарашро бардошта гуфт:

– Холаҷон, маро ба писари қозӣ фотеҳа мекунанд.

Девонаҳусайнӣ Собир ном бародархонд дошт. Кампир тозон ба пеши ӯ рафта, аз воқеа огоҳ кард.

– Модарҷон, ба тӯйхона раведу ду-се порча гӯшту нон биёред, ба Девонаҳусайнӣ мебарам, – гуфт Собир.

Кампир нону гӯшт гирифта овард. Собир ба рӯймолчае печонида ба роҳ баромад. Чанд муддат даštu саҳро, кӯҳу биёбон, деҳу дарё тай карда, ба ҳамон шаҳр расид. Баъд додархондашро кофта-кофта ба як дашт рафта монд. Дид, ки панҷ-шаш деҳқон ҷуфт ронда истодаанд.

«Шояд додарам дар байни ҳаминҳо бошад, – фикр кард Собир, – агар дар байни ҳаминҳо бошад, ҳамин ки ба сари марза расид, аз рӯи одаташ як байт мегӯяд». Вай бодиққат нигоҳ карда истод: дере нагузашта, яке аз деҳқонон ба сари марза расиду як байт хонд:

Як порча замин дорем, нимаш шудгор,
Говони бақаҳр дорем, дил ошиқи зор,

пешина
аз 161
навбатӣ