Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
ҚиссаАфсона
Аз аввал хонданРӯзе бишавад, ки бишканад оҳани кор, Говон ба алаф раванд, ман пешаки ёр.
- Яқин ҳамин додари ман аст, бинам канӣ боз ягон байт мегӯяд? - гуфта Собир нигоҳ карда истод. Ҳамон ҷуфтрон ба сари марзаи дигар расида, боз як байт гуфт:
Ин кӯли дарозу ҷуфти гови песа,
Говрона ба дасту мекунам андеша.
Говрона ба даст, то кай кунам андеша.
Эй гург, биё бихӯр мани дарвеша!
«Ёфтам, худи худаш», — гуфт Собир хурсанд шуда ва ба пеши Ҳусайнӣ давида - давида рафт.
Девонаҳусайнӣ дид, ки як кас давида ба сӯяш меояд, «монанди акаам аст, акаам бошад?» - гӯён вай говҳоро монду ба пешвози Собир рафт. Онҳо ҳамдигарро ба оғӯш кашиданду пурсупос карданд.
- Хайр, акаҷон, — пурсид Девонаҳусайнӣ, аҳволи модарам чӣ тавр аст? Сиҳат аст, саломат аст, тинҷ аст, бардам аст?
Акааш:
- Тамоми сол хабаргирӣ наомадӣ, моро фаромӯш кардӣ, модарат нағз, сиҳату саломат. Магар ӯро ман хоршавӣ мемонам?! - гуфта ҷавоб

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё