Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Девона гуфт:
— Канӣ ман як рафта хабар гирам.
— Ин тавр накун, — гуфт кампир, — қозӣ фаҳмида монад, туро мекушад.
— Як бори дигар рӯи Давлатхотунро бинам, кушанд ҳам, ормонам намемонад, — гуфта Ҳусайнӣ хесту ба ҳавлии холаш равон шуд. Наздик рафта, назар андохт, ки холаш ҳамроҳи Давлатхотун дар рӯи суфа карбос танида нишастаанд. Нигоҳ карда истод: як тори карбос аз дасти Давлатхотун канда шуд.
Давлатхотун сари худро ҳам карда, торро гирифтанӣ шуд, ки Девона рӯи ӯро дида монду дилаш тоқат накарда як байт гуфт:

Давлатхотун карбос танидан гирад,
Аз ҳар сари мех тораш кандан гирад,
Аз ҳар сари мех тораш кандан гирад,
Хун аз дили зори ман чакидан гирад.

Давлатхотун сари худро бардошта, гӯш доду гуфт:
— Модарҷон, як овоз омада истодааст, монандӣ овози Ҳусайнӣ.
— Бечора Ҳусайнӣ дар ким-куҷо мурд, ё нобуд шуд, ки гум шуда рафт. Ӯро ба ёдам овардию ҷароҳати дилам тоза шуд, — гуфт кампир оби дидаашро пок карда.

пешина
аз 161
навбатӣ