Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

шудам, ки гашта равам, — гуфта Кали Айёр сарашро хам кард.

Мир боз такрор карда пурсид, ки мири Қаратоғ чӣ нома барои ӯ фиристодааст.

— Ҷаноби олӣ, — сар кард кал, — вақте ки дарбонони шумо маро дашном дода, аз ин ҷо пеш карданд, барои хунпулии модарамро ситонидан ба
назди Худойбердибой рафтам. Бойро ба
қозихона кашидам. Қозӣ бошад, аз бой ба хунпулии модарам фақат як хар ситонида дод, ки хар
тӯқум надошт. Ман боз тӯқум даъво карда, ба
қозӣ арз кардам. Бой барои ин ки аз ман халос
шавад, як зини чӯбини қоқ оварда дод. Зинро ба
пушти лучи хар зада савор шуда, ба ҷониби хона
раҳсипор шудам. Вақте ки аз қишлоқи Бартанг
мегузаштам, Султонбой ном дӯстам ба ман хабар
дод, ки пушти хар маҷрӯҳ шудааст ва як дона
чормағз дода фармуд, ки сӯхта ба пушти хар молам. Ман ҳамин тавр кардам. Вақте ки ба Талоқи
Марзич расидам, дар пушти харам ду дарахт
чормағз рӯида, ҳосил андохта, чормағзҳо пухта
рехтан гирифтанд. Ман харро ба яке аз сангҳои
калони Талоқи Марзич баста, ҳамин қадар кулӯх
партофтам, ки аз болои дарахт на кулӯх фаромаду на чормағз афтид. Оқибат ба болои чормағз
баромадам, ки як дашти васеъ будаасту як ҷӯи об

пешина
аз 161
навбатӣ