Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

АфсонаҚисса
Аз аввал хондан

Кардӯ ба муроду мақсадаш расид. Шумо ҳам бирасед!

ДӮСТОНИ ҶОНИ, НОНИ ВА ЗАБОНИ

Буд, набуд, савдогаре буд, бою бадавлат буд. Писаре дошт ҷавони зиндадили ҷӯрабоз. Рӯзе писар пеши падар нишасту аз ӯ пурсид:
– Падари бузургворам, мебинам, ки шумо фақат ду-се нафар дӯст дореду халос, марҳамат карда гӯед, барои чӣ ин қадар кам?

Падараш гуфт:
– Дӯсти ҳақиқӣ ҳамин қадар мешавад. Аз ду-се нафар зиёд намешаванд. Писараш бовар накарда пурсид:
– Ин хел бошад, барои чӣ «сад дӯст каму як душман зиёд» гуфтаанд? Падараш гуфт:
– Дуруст, дӯст ҳар чи қадар зиёд бошад, ҳамон қадар беҳтар, лекин писарам, на ҳар кас, ки мо дӯст гумон мекунем, метавонад дӯсти ҳақиқӣ бошад.

Писар худро таъриф кард:
– Алҳол ман чил нафар ҷӯра дорам, ҳамааш дӯстони ҷонӣ. Падараш пурсид:
– Писарам, ту медонӣ дӯсти ҷонӣ чӣ маъно дорад? Писар гуфт:

пешина
аз 161
навбатӣ