Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Танга мешавад, ҳамин хел ҳам кор ёд мегирию ҳам давлатат зиёд мегардад.
Писари савдогар боз роҳи бозорро пеш гирифт. Боз дар назди дарвозаи бозор пирамарди нуронии хушлибоси асобадастро дид, ки ба бозоракиҳо муроҷиат карда, мегуфт:
— Як панд дорам, панди судманд, пурарзиштар аз ҳамаи молу матое, ки дар ин бозор ҳаст. Арзон мефурӯшам: сад танга.
Писари савдогар ин гапро шунавида, мот шуду гуфтаҳои падарашро фаромӯш карда, сад тангаро ба дасти пирамард дод.
— Бахт ёрат бошад, писарам, — гуфт пирамард дуо карда ва баъди ин пандашро ба забон овард: «Аз насибаи пагоҳӣ рӯй матоб!»
Писари савдогар бо сари хам пеши падараш омада, аз ӯ узр хост. Савдогар қариб буд, ки писарашро занад. Гапҳои сахт гуфт. Гуфту боз сад танга дода огоҳ кард:
— Агар ин дафъа пулро беҳуда нобуд кунӣ, дигар ба назарам нанамо, ки зада мекушам.
Писари савдогар боз роҳи бозорро пеш гирифт, боз бо пирамарди пандфурӯш рӯбарӯ шуд, боз панд харид: «Дар сари ғазаб кори хатарноке кардани шавӣ, дасти ростатро бо дасти чапат маҳкам дор!»
Пандро хариду сухани падарашро ба ёд оварда, аз шаҳр баромада рафт, дашту деҳу биёбонҳоро тай карда, ба як шаҳр расид. Ба як

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё