Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Шаҳри калон расиду ба бозор даромада, дар қатори мардикорон нишаст. Дере нагузашта, марде омада мардикоронро аз назар гузаронида, писари савдогарро ҳамроҳаш бурд. Ба як ҳавлии калон овард, чор тарафаш иморатҳои баланду барҳавою дилкушо, саҳнаш боғ, дар шафати ҳавлӣ иморати калони нонвойхона - чанд танӯри калон қатор шинондагию панҷ-шаш кас орд мебезанду хамир мекунанду нон мепазанд: нонҳои нозанин, бозорашон дар авҷ - харидорон ба таги дарвоза омада, даста-даста нони гарм, фатирҳои кунҷитию фатирҷаҳои ширмол гирифта мераванд. Ҳамаи ин ба писари савдогар маъқул шуд. Вай ба тақдираш тан доду аз сидқи дил кор карда, рӯз гузаронида гашт.
Ҷавони хушқаду қомати зебои хушмуомила ба хӯҷаин маъқул шуд. Вай як рӯз ба занаш гуфт, ки:
- Ҳамин ҷавони мусофир фарзанди каси одамшаванда барин, тарбия дидагӣ, назараш баланд, кораш покиза.
- Ба хаёли ман ҳам ҳамин хел, - гуфт занаш, - аз меҳнат намегурезад, ҳаракат мекунад, ки дар ягон кор фоидааш расад.
Рӯз мегузашту шаб, шаб мегузашту рӯз. Ҳафта мегузашту моҳ, моҳ мегузашту сол. Аз ин миён чанд сол гузашту як рӯз зани хӯҷаин рӯзаш буд шудагӣ будааст, вафот кард. Хӯҷаин оши соли

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё