Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
рехт.
Ширин буд дидори зану фарзанду падару модар. Панд ӯро ба мурод расонд. Шумо ҳам ба муроду мақсад бирасед.
ЧАРХИ ГАРДОН, ДУКИ ЛАРЗОН
Буд, набуд, се хоҳаракон буд, се хоҳараки бо ҳамдигар меҳрубон буд, ҳар куҷо раванд, ҳамроҳ мерафтанд, ҳар чӣ хӯранд, ҳамроҳ мехӯрданд.
Як рӯз модарашон дастархоне дастовез карда доду:
– Рафта аз аҳволи холаатон хабар гирифта биёетон, – гуфт.
Духтаракон шодикунон дастовезро гирифта рафтанд, рафтанд, рафтанду ба лаби як дарё расиданд. Аз кӯҳҳо сел омада, сели калон фаромада, кӯпрукро канда бурдааст. «Чӣ хел мегузарем?» – гуфта дар лаби дарё ҳайрону ҳаросон истода буданд, ки як чӯпонбачаи кал рама ҳай карда омад. Хоҳараки калонӣ:
– Калҷон, ҷон, калҷон, моёнро аз дарё гузаронда мон! – гуфт.
– Ин кори осон, лекин ман муфт намекунам.
– Хайр чӣ мехоҳӣ? – гуфтааст хоҳараки калонӣ.
– Бӯсаю канор диҳед, – гуфт кали ноинсоф, – гузаронида мемонам.
Хоҳаракон розӣ нашуданду:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё