Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
- Номаъқул кардӣ! — гуфта калро мазаммат карданду худашон гузаштанӣ шуданд, лекин дарё калон буд, тарсиданд.
Хоҳари калонӣ ба пеши калбача омад, кал оғӯш гирифта, бӯса кард, аз дарё гузаронда монд. Баъд хоҳари миёна омад. Калбача инро ҳам ба оғӯш гирифта, бӯса карду аз дарё гузаронида монд. Баъд навбати хоҳари хурдӣ омад. Калбача инро ҳам бӯса карданӣ буд, ки вай худаш аз дарё гузашт.
Хоҳарони калонӣ «ин кори мо кардагиро накард, мо бадном шудем, ин не» гуфта, ӯро дошта, аз мӯяш гирифта, ба танаи дарахти бед баста, монда рафтанд.
Духтари бечора гиря кард, нола кард, хоҳарон гӯш накарданд, як вақт дид, ки як гурги зард ба тарафи вай омада истодааст. Гург наздиктар омада:
- Ҳой духтарак, туро кадом золим ба манзили гургон оварда баста рафт? – гуфта пурсид.
Наргис тарсидаю ваҳмида ба гург гуфт:
Ин кора карданд хоҳаракон,
Хоҳаракони номеҳрубон.
Гургак, гургак, маро нахӯр,
Ҳаётама накун хазон!
Гург ба ҳоли ӯ раҳм карда:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё