Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
— Бале, медонам, — гуфтааст Ҳотами Той.
— Гӯед, кӣ будааст он шахс?
Ҳотами Той гуфтааст:
— Порсол ман аспсавор кӯча ба кӯчаи шаҳр гашта, мардумро ба тӯйи худ хабар мекардам. Дар як кӯча ба пирамарде дучор омадам, ки як банд хорро пуштора карда мерафт. Ба ҳолаш раҳм кардаму гуфтам:
— Магар беҳтар набуд, ки ба тӯйи Ҳотами Той рафта, зиёфат мехӯрдеду аз азобу машаққати хоркашӣ халос мешудед? Агар мерафтед, ҳам як сол дар он ҷо зиёфат мехӯрдеду ҳам дар вақти бозгаштатон бисёр чизҳоро бо худ мебурдед.
Пирамарди хоркаш суханони маро бо диққат гӯш карду гуфт:
— Аз зиёфату чизҳои Ҳотам дида, як пора нони бо меҳнату арақи ҷабини худ ёфтаам ҳазор бор беҳтар аст.
Пирамард инро гуфту паноҳи худо карда, бо пуштораи хораш аз назди ман дур рафт.
Ана ман ҳамон пирамарди хоркашро аз худам қимматбаландтар ҳисоб мекунам.
То Худо надиҳад...
Ҳотами Той як додар доштааст. Одами бехайру бебарака будааст додараш. Ҳотами Той ҳар рӯз пули зиёд медааст, аммо ӯ пулро гирифта, баҳудаю беҳуда сарф мекардааст.
Яке рӯз Ҳотами Той дар дилаш гуфтааст: «Ман бояд як кор кунам, ки додарам ба қадри пул расад, дуруст-дуруст харҷ кардани пулро ёд гирад». Баъд вай як халтача тиллоро дар болои кӯпрук59 монда, худаш ба таги он даромада, поида нишастааст60. Додараш ба назди кӯпрук
59 Кӯпрук — пул.
60 Поида нишастан — мунтазир шудан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё