Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
Як одами ношинос меҳмон шудам. Соҳиби хона пурсид, ки ман кадом хӯрокро нағз мебинам. Гуфтам:
— Фақат гурдаи говро.
Баъд аз ду соат соҳиби хона як табақ гурдаи бирёнкардаи говро оварда, ба рӯи дастархон гузошт. Ман онро ба завқ хӯрдам. Шаб рӯз шуд. Саҳарии барвақт ба рӯи ҳавлӣ баромада дидам, ки соҳиби хона ду гову ду сар гӯсолаашро кушта, гурдаи онҳоро бирён карда истодааст. Ин ҳодисаро дидаму ба соҳиби хона гуфтам:
— Барои чӣ ба ризқи фарзандонатон ҷабр карда, ин тавр кардед?
Гуфт:
— Таксир, меҳмон аз падар ҳам бузургтар аст. Ман ҳар чӣ карда бошам, ба хотири меҳмон кардам.
Баъд ман ба соҳиби хона ба ивази чунин меҳмондориаш чил сар шутур, чил сар гов, як рама гӯсфанд ва боз бисёр пулу чиз додам.
Подшоҳ гуфтааст:
— Шумо ба ивази ду сар гову ду сар гӯсолаи соҳиби хона ин қадар молу чизу чораи бисёр додеду чӣ хел ӯро боз аз худатон саховатмандтар мепиндоред?
— Охир, соҳиби хона дар бисоташ фақат ду сар гову ду сар гӯсола дошт, ки онҳоро ҳам бедарӯғ барои ман кушт. Ман бошам, аз ҳазор ҳисса молу чизам ҳанӯз як ҳиссаашро ҳам ба ӯ надодаам. Яқин медонам, ки агар ӯ боз чанд сари дигар гову гӯсола медошт, онҳоро низ аз ман дареғ намедошт. Барои ҳамин ҳам ман он шахсро аз худам саховатмандтар меҳисобам.
Пирамарди хоркаш
Подшоҳ дар як маҷлис аз Ҳотами Той пурсидааст:
— Оё шахсеро медонед, ки аз шумо ҳимматбаландтар бошад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё