Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
РИВОЯТҲОИ ГУНОГУН
Аждаҳо ва одами «дусара»
Дар гузаштаҳои дур дар як мамлакат аждаҳое пайдо шудааст. Вай ҳар шаб аз даруни ғор берун баромада, аз як сар то сер шуданаш одамону молу чизҳоро мехӯрдасту боз то шаби дигар ба даруни ҳамон ғор даромада хоб мекардааст. Аз дасти ин балои ногаҳонӣ одамон ба дод омадаанд. Бисёр паҳлавонону одамҳои зӯр-зӯрро ҳам ин аждаҳо ба дамаш кашида будааст. Аз даҳону бинии аждаҳо оташ мебаромадааст.
Дар охир ду ҷавони камбағал – яке акову дигар додар хостаанд, ки аждаҳоро кушта, мардумро аз хатари марг халос кунанд. Барои ин онҳо тадбире андешидаанд: ҳардуяшон дар сари роҳи аждаҳо ҷой партофта ва сарупо шуда, ба даруни кӯрпа даромада хоб кардаанд. Як вақт аждаҳо аз ғор баромада дар сари роҳаш ҳамон бачаҳои сарупо шуда хоб кардаро дидааст. Вай аз ин тарафи бачаҳо нигоҳ карда дидааст, ки калла, аз тарафи дигарашон нигоҳ карда дидааст, ки боз калла. Аждаҳо гирди бачаҳоро чанд маротиба давр задааст, дар охир ба ваҳм афтодааст. Дар ҳамин вақт бачаҳо якбора сарашонро боло кардаанд. Аждаҳо бошад дар дилаш:
— О, ин чӣ хел ҷондор будааст, ки калла дораду поча надорад, — гуфта тарсидаасту дилаш кафида мурдааст.
Нақл мекунанд, ки аз ҳамон вақт ин ҷониб одамон ҳангоми дарави гандуму ҷаву алафашон шабҳо дар сари замини худ ҳамин тавр сарупо – дусара шуда хоб мекардаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё