Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
Барф орд будааст
Як замоне аз барф ному нишоне набудааст. Дар зимистон ба ҷои барф орд меборидааст. Одамон чуволу сандукҳояшонро аз ҳамон орди тайёр ва муфт пур карда, тамоми сол хӯрда мегаштаанд. Дар тӯйҳою ҳар навъ маъракаҳои дигар низ аз ҳамон орд истифода мекардаанд. Дар он рӯзгор ҳеҷ кас чӣ будани гушнагию қаҳтиро намедонистааст.
Рӯзе як зани беадаб наҷосати кӯдакашро дар болои орд шустааст. Аз ин кори нодурусти зан Худованд дар қаҳру ғазаб шуда, ба ҷои орд ба бандагонаш барф фиристодааст. Он солҳо зимистон гуфтанӣ гап набудааст. Пас аз он ки орд ба барф табдил ёфтааст, зимистон шурӯъ шудааст. Худованд ба халқаш гуфта будааст, ки: «Ношукрӣ карда, ордро, ки ҳаром кардӣ, акнун меҳнат куну азоб кашу нон ёфта хӯр!»
Хулоса, ношукрию беадабии ҳамон зан будааст, ки одамон аз саховату инояти фаровони Худованд маҳрум гардида, бо меҳнату азобу машаққат нон ёфта мехӯрдаанд.
Пайдоиши зин
Баъди пайдо шудани оламу одам ҷангу ҳарб ҳам пайдо шуд. Олоти ҳарбро бобои Ҷамшед Таҳмураси девбанд сохт. Вақте ки вай ба дунё омаду подшоҳ шуд, бисёр вақт аспсавор мегашт, як вақт дар болои аспи луч бисёр гашта буд, ки пушташ ягир шуд.
Дид, ки як кампир хамир карда истодааст, хамирро гирифта, ба болои асп монду худаш ба болои хамир шишта, андаке роҳат кард. Аз хамир сурати зин пайдо шуд. Инро дида Ҷамшед зин созонд, баъдтар дигар абзорҳои аспро ҳам ба амри Ҷамшед сохтаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё