Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
Сарнавишти ҷаллоби гандумфурӯш
ЯК замон сангпушт ҷаллоби гандумфурӯш буд. Вай гандумро аз одамон ба як нарх дар табақи калон мехариду ба ҳамон нарх дар табақи хурд мефурӯхт. Мардум фиреби ӯро фаҳмида, дар ҳаққаш дуои бад карданд. Бо дуои одамон он одами гандумҷаллоб сангпушт гашту табақи калон ба пушташ часпиду табақи хурд ба шикамаш.
Фил
Фил дар вақташ нонвой будааст. Вай ҳангоми нонпазӣ оби бинниашро бо остинча10 пок мекардаасту дар ҳамон ҳолат боз бо он ба танӯр нон мечаспонидааст. Азизе дуои кардааст. Дар натиҷа нонвой фил шудаасту остинчааш ба бинниаш часпидааст. Мегӯянд, ки хартуме, ки фил дорад, ин ҳамон остинчаи нончаспоние мебошад, ки вай онро дар вақти нонвоии худ истифода мекардааст.
Хирс
Нақл мекунанд, ки хирс як замон одами бадавлате будааст ва дар ихтиёраш даҳпонздаҳ рама гӯсфанд доштааст.
Рӯзе ҳангоми тароши пашми гӯсфандон мӯйсафеде ба назди он бой омада, аз ӯ барои рафъи эҳтиёҷоташ каме пашм хостааст. Аммо бой хоҳиши мӯйсафедро рад кардааст ва бо дашному ҳақоратҳои қабеҳ ӯро аз дари хонааш берун кардааст.
Баъд аз ин мӯйсафеди ҷабрдида даст ба дуо боло карда, дар ҳаққи он бой гуфтааст:
— Ту, ки маро ин қадар озор додӣ, мехоҳам, ки Худованд пашмҳои тарошидаатро ба баданат часпонида, туро
10 Остинча - дастпӯши дарози пахтадори аз тикаи ғафси дурушт дӯхташудае аст, ки тавассути он ба танӯр нон мебанданд. Дар баъзе маҳалҳо вазифаи остинчаро рафида низ адо мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё