Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

ба хирс табдил диҳад. Дуо мекунам, ки умрат ҳамеша дар ҷангалу кӯҳу биёбонҳо гузараду гӯсфандҳоят насиби рӯзиат нашавад.

Аз ҳамон вақт он марди бадавлат ба хирс табдил ёфта, дар ҷангалу кӯҳу биёбонҳо умр ба сар мебурдааст.

Эзорсурхак

Парандае ҳаст, ки нимаи поёни шикамаш парҳои сурх дорад. Аз ҳамин сабаб ин парандаро бо номи эзорсурхак ба забон мегиранд.

Мегӯянд, ки эзорсурхак баъд чарм карда мефурӯхтааст. Вақте ки чӯй аз лойу гил пур мешудааст, устои чармгар мардумро маҷбур мекардааст, ки чӯйборро аз лойу гил пок кунанд, аммо худаш аз ин кор рӯй гардонида, дар хонаи сард даромада, хоб мекардааст.

Ҳазрати Сулаймони пайғамбар аз ин кори устои чармгар огоҳ шуда, гуфтаанд:

— Илоҳо, ба як култ оби равони чӯйбор зор шавӣ!

Бо амри парвардигор устои чармгар ба паранда табдил ёфта дарахти хушкро бо нӯлаш шикоф карда, як қатра об мехӯрдааст.

Бино ба ривояти мӯйсафедон ба эзорсурхак дарахти тар об намедодааст.

Хиёнати эзорсурхак

Ҳазрати Зикириёи пайғамбар аз таъқиби кофирҳо дар ковокии як дарахти тут паноҳ меёбад. Баъд тортанак ковокии дарахтро бо торҳои худ мепӯшонад ва аломати ковокӣ номаълум мегардад. Кофирҳо ба назди дарахт омада ва дар рӯи ковокии он тори тортанакро дида: «Пайғамбар на бояд ин ҷо паноҳ ёфта бошад» гуфта, гашта рафтаӣ мешаванд, ки як эзорсурхак парида меояду дарахтро бо нӯлаш тук-тук мезанад. Кофирҳо чизеро пай

пешина
аз 125
навбатӣ