Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа
Гурдро чун шер ҷангҷӯю хунхор намудан ва қисми сеюмро чун хук дар хоку лой олуда сохтани он ба сабаби оби додан Иблис мебошад.
Ангури сиёҳ
Луқмони Ҳаким ба ҳарҷо ки равад, тамоми гиёҳҳо ва навоҳо ба он кас салом дода, ҳар кадом: «Ман ба ин касалӣ даво, ман ба фалон беморӣ дору» мегуфтааст.
Рӯзе ангури сиёҳ ҳам ба Луқмони Ҳаким гуфтааст:
— Агар донаам намешуд, ман ба марг даво мешудам.
Дуди ҳазориспанд
Як вақтҳо дар тамоми шаҳри Бухоро касалии вабо паҳн мешавад. Муромурӣ авҷ мегирад. Одамон ҳама ҳайрон, чӣ кор карданашонро намедонанд. Баъзеҳо Бухороро тарк карда, бо молу ҳолашон ба шаҳрҳои дигар кӯчида мераванд, баъзеҳо ба тақдирашон тан дода, «ҳарчӣ шавем, шавем» гуфта дар хонаҳошон мемонанд. Подшоҳи Бухоро барои пеши ин касалиро гирифтан ҳамаи уламою донишмандони мамлакаташро ҷамъ карда, ба онҳо супориш медиҳад, ки илоҷи аз ин бало халос кардани мардумро ёбанд. Аммо ҳеҷ кас дар ин бобат чорае карда наметавонад. Иттифоқо, ба подшоҳ хабар медиҳанд, ки дар кадом як кунҷи шаҳр Абӯалӣ гуфтанӣ як табиби ҷавон ҳасту агар тавонад, илоҷи ин касалиро фақат ӯ ёфта метавонад. Одам монда Абӯалиро ба пеши подшоҳ гирифта меоянд. Подшоҳ Абӯалиро дида аввал назараш намегирад, баъд дилу бедилон мегӯяд:
— Агар дар ҳақиқат табиб бошед, чораи касалиро бинед.
Абӯалӣ «хуб» мегӯяд ва хоҳиш мекунад, ки барои ӯ ҳазориспанди бисёре ҷамъ карда биёранд. Бо як даҳан гапи подшоҳ хоҳиши Абӯалӣ зуд иҷро мегардад. Абӯалӣ ҳазориспандро дар мобайни шаҳр ғун карда, онро дуд мекуно-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё