Зеҳн
Қиссаҳои ноб дар ҳар боб

Китоб аз ҳикояҳо ва қиссаҳои гуногун иборат буда, барои хонандагон таҳия шудааст. Дар он ҷанбаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ тавассути образи ҳайвоноту парандагон баён мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 125 саҳифа

ҚиссаҲайвонот
Аз аввал хондан

анд. Дуд тамоми шаҳрро фаро мегирад. Ҳама ҷо сип-сиёҳ дуд, ҳама ҷо бӯи ҳазориспанд, аз бисёрии дуд чашм кушода як қадам пеш монда намешавад. Баъд аз ин ба одамони касал оҳиста-оҳиста ҷон медарояду касалӣ аз шаҳр барҳам мехӯрад. Подшоҳ ба доногии Абӯалӣ қоил шуда, ба ӯ пулу чизи бисёр медиҳад ва офарин мегӯяд. Аз ин кори Абӯалӣ одамон мефаҳманд, ки ҳазориспанд ба касалии вабо даво будааст.

Як вақт писари Абӯалӣ ибни Сино касал шудааст.
Абӯалӣ ибни Сино дорую дармон кардааст, аммо бемор сиҳат нашудааст. Баъд писараш вафот кардааст. Сино шиками ӯро кафонда, аз пеши ҷигар халтачаи заҳрро гирифтааст. Дар халтача як чизи санг барин сахт будааст.
«Ин чӣ бошад?» гуфта, халтачаро гирифта, ба лаби об рафтааст ва онро ба болои хулбӯ монда, дасти худро шустааст.

Дасташро шуста омада дидааст, ки ҳамон санги даруни халтачаи заҳр об шудааст. Абӯалӣ ибни Сино ба дилаш гузарондааст, ки: «Давои санги дохили халтачаи заҳр қарордошта хулбӯ будааст, агар инро пештар мефаҳмидам, фарзандамро аз чанголи марг халос мекардам».

Ҷойи кӯҳӣ

Рӯзе як зан касал шуда ба назди Абӯалӣ ибни Сино рафтааст. Абӯалӣ ибни Сино ӯро дида гуфтааст:
— Куҷои шумо дард мекунад?
— Дилам, — ҷавоб додааст зан.
Абӯалӣ ибни Сино як хел алафро ба зан дода фармудааст:
— Ҳамин алафро ҷӯшонда обашро чор-панҷ бор хӯред, ин ҷойи кӯҳӣ аст, аз оби ҳамин аҷаб не, ки нағз шуда равад.
Зан алафро гирифта ба хонааш рафтааст ва онро ҷӯшонда обашро хӯрдан гирифтааст, дидааст, ки дар ҳақиқат дарди дилаш гум шудааст. Баъд зан ба назди Абӯалӣ ибни Сино омада, дар ҳаққи вай дуои бисёр кардааст.

пешина
аз 125
навбатӣ