Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Ҷаҳон ва ҷаҳони ҷон... Аммо тани нозанинаш ба захми ҳанҷари ҷафо маҷрӯҳ гашта ва мӯҳои мушкнобаш аз зулфони пурпечутобаш ба хун оғушта, рухсораи арғувиаш заъфарони гардида, аз ғояти заъф чашм аз сайри гулистони ҷаҳон пӯшида. Ба ҳолате, ки гумон бурдам, шарбати марг нӯшида! Дарвешон! Ман моили рӯй ва мӯйи он зебонигор шудам; дар чунон ҳолате ки ҷои воҳима ва ҳангоми гурез буд... ман маҳви ҷамоли бокамоли он баландахтари шараф ва иқбол шуда, ҳайрон будам, ки оё аз куҷо ва чаро ин заҳмат ва ранҷ ба ӯ расида ва кадом золими сангдил ба ӯ ин зулмро кардааст. Вақте ки ба ҳоли ӯ мегиристам ва ба рӯяш менигаристам, ногоҳ он хушрабо ба ҳуш омада, овози гиряи ман ба гӯшаш расид ва бо нолаи ҳазин гуфт:
– Эй ёри номувофиқ ва дилозор, эй золими бераҳм ва ситамгор! Магар ин подоши меҳрубонӣ ва ҳаққи намак аст?!. Чаро ҳамаи некиҳои маро фаромӯш кардӣ ва чароғи умри маро хомӯш кардӣ?..
Дарвешон! Вақте ки ман овози ӯро шунидам, ба якбора бедилу девона шудам ва гавҳари ашк бо нӯги мижгон суфтам ва аз самими дил гуфтам:
– Балогардонат шавам, чашмам кӯр бод, то туро бад-ин хол набинам ва дастам бурида бод, агар ҷуз хори раҳат начинам.
Чун он нозанини моҳҷабин овози мани ғариби ҳазинро шунид, гуфт:
– Эй мард, ту кистӣ ва нолон барои чистӣ?
Гуфтам:
– Фидоят шавам! Ғарибу бекасу бехонумонам, заифу мубталою нотавонам! Эй нозанин, банда мардеам яманӣ. Ту ҳам гӯй, ки сарви кадом чаманӣ ва шамъи кадом анҷуманӣ? Ин зулм ба ту аз куҷо расид?..
Он нозанин як оҳи пурсӯз аз ҷигар кашид ва гуфт:
Дарди дил бо ту нагӯям, тарсам, Ки ба дарди дили ман дармонӣ!
– Эй ҷавонмард, чӣ шавад, ки маро ба гӯшаи хок супорӣ ва нодида ангорӣ ва ба ҳеҷ кас дар ҳеҷ ҷое ин ҳодисаро нагӯӣ ва нақши ин сурати ғарибро аз сафҳаи хотир бишӯйӣ. Худо ба ту ҷазои хайр диҳад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё