Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
машғул будам. Баъд аз рафтани корвон, якчанд рӯз дар хонаи хоҳарам мондам. Дар ин байн хоҳарам аспу харҷӣ, тӯшаи роҳ ва либос низ тайёр кард. Баъд якдигарро видоъ намуда ба Шом равона шудам. Дар роҳ чизе надодам, ки муносиби ба дӯстон гуфтан бошад. Баъд аз чанд муддат, дар вақти фурӯрафти офтоб буд, ки ба як манзил дуртар аз Шом расидам...
Аз машаққати сафар тоқатам тоқ гардида буд, ки дар он ҷо манзил накардам ва худи ҳамон шаб ба шаҳр даромаданӣ шудам. Бо ҳамин хаёл асп рондам, вақте ки ба таи дарвозаи шаҳр расидам, дидам дар нимшаб дарвозаи шаҳр баста ва пои омадшуди мардум аз кӯчаҳо гусиста, аммо дунё аз нури моҳ чун рӯз равшан буд. Ман дар канори хандак аз асп ба зер омада ба сайри бурҷу бораи қалъа машғул шудам. Ногоҳ шахсеро дидам, ки ба яке аз бурҷҳои он ҳисор баромадааст ва аз боло сандукеро поён мефиристонад. Ҳамин ки сандуқ ба лаби хандак расид, он мард ресмонро ҳам партофту худаш ба даруни қалъа фуромада ғоиб гашт. Ман ба худ гуфтам, ки албатта ин бояд ягон дузд бошад, ки имшаб хонаи бое, ё ки ҳуҷраи савдогареро зада ин сандуқро овардааст. Ҳоло, шояд барои овардани моли боқимонда рафта бошад. Бо ин хаёл сабр кардам ва дар он ҷо нигарон истодам, лекин он шахс дигар барнагашт. Ман ба худ гуфтам, ки шояд ин лукмаро ба ман Худо расонда бошад ва аз шарофати ин сандуқ бори дигар молдор ва мӯътабар шавам.
Инак ба тамаи молу зар ба эҳтиёти тамоми аз тахтапули дарвоза гузаштам ва ба ҷониби сандуқ рафтам. Ба назди сандуқ расида онро бардоштам ва бо сад тарсу ваҳм худро ба харобае расонидам. Дар он ҷо сандуқро кушодам ва нигоҳ кардам:
Дидам сарве ба хоку хун оғушта,
Ё товусе, валек бисмил гашта,
Аз дидани он чунон шудам саргашта,
К-аз каф додам ҳамон замон сарришта.
Дарвешон! Кош, ҳаргиз намедидам. Нозанине бо рӯи чун моҳ ва мӯе чун мушк сиёҳ, қад ба сони сарв хиромон, ҷони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё