Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Э ҷавон! Ҳоло маликаи мо номзади туст, ба шарти он ки аз уҳдаи шартҳои ӯ барой.
Гуфтам:
— Бифармоед, ки шартҳои малика чист?
Доя гуфт:
— Беҳрӯзро чеғ занед!
Ходимон ба талаби ӯ рафтанд; баъд аз кадре мардеро оварданд, ки либоси акобирона пӯшида буд ва қариб ҳазор калиди тилло ба миён овехта дошта, ки ҳар як калид аломати як хазина буд. Он мардро ба паҳлӯи ман ҷо доданд.
Доя гуфт:
— Беҳрӯз! Ҳар чӣ ки дар вилояти Нимрӯз дида бошӣ, ба ин ҷавон нақл кун.
Он мард ба ҷониби ман рӯ гардонда гуфт:
— Э ҷавон! Бидон ва огоҳ бош, ки махдумаи мо ҳазор ғуломи тоҷир дорад, ки камтарини онҳо ман мебошам. Бонуи мо ба ҳамаамон сармоя дода ба атрофи олам — ба Рум, ба Шом, ба Ҳалаб, ба Мағриб1, ба Фаранг, ба Ҳитой ва Хутан, ба Чину Мочин ва ба Бадахшон ва ба тамоми диёри Шарқ ба тиҷорат мефиристонад, мо ба ҳар тараф сафар мекунем. Аксар вақт як сафари мо ба чанд сол мекашад ва ҳар гоҳ аз сафар боз оем, малика аз мо намепурсад, ки ба куҷо рафтед ва чӣ овардед, вай аз мо тарз ва вазъи он вилоятро, ки рафта дидаем, аз аҷоиб ва ғароиби сафар ва аз он чӣ дида бошем, мепурсад. Армуғоне, ки барои малика меорем, ҳамон аст.
Чанд сол пеш аз ин гузори ман ба шаҳри Нимрӯз афтод ва тамоми мардуми он шаҳрро сиёҳпӯш дидам. Аз ҳар кас, ки сабаби онро пурсидам, ҷавоби маъқуле нашунидам. Чанд рӯз гузашту моҳ нав шуд, субҳи рӯзи аввали моҳ ҳамин ки офтоб баромад, халқ ба ҳаяҷон омаданд. Аз ҳар кас, ки пурсидам, сабаб ҷустам, ҳеҷ кас ба ман аҳамият надод. Танҳо марди дарвозабон гуфт, ки «Ту ҳам биё, то бидонӣ ки чист!». Ман бо онҳо равон шудам. Дидам, ки халқи шаҳр, хурду калон давон-давон аз дарвозаи шаҳр, ки ба тарафи машриқ буд, берун омаданд ва чоряки фарсах роҳ рафта, ба саҳрои васеъ расиданд. Дар рӯ ба рӯй наистоне менамуд. Тамоми мардуми

1 Мағриб — ба маънои мамлакатҳои қитъаи Африка.

пешина
аз 191
навбатӣ