Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Хатро печонда, мӯҳр карда ба хоҷа додам ва ба ҳарам фиристодам. Баъд аз андак фурсат маро ба дари ҳарам чеғ заданд. Чун ба он ҷо рафтам, як тӯда хоҷасароён ва ришсафедонро дидам, ки ҳама саропо мурассаъ, саф зада истодаанд.
Дар он ҷо дар болои курсӣ пирзани ҳаштод-навадсола нишаста буд, ки саропо дар миёни дурру гавҳар ғӯта зада буд.
Чун пеш рафтам, салом гуфтам, ба нармӣ ва меҳрубонӣ ҷавоби саломамро дода, ба нишастан таклиф намуд. Ман ба рӯи курсии дигар нишастам. Кампир забон ба меҳрубонӣ кушода, гуфт:
— Э ҷавон, хуш омадӣ! Ту магар Маликаро хосткорӣ кардӣ?
Ман сари ҳиҷолат пеш афганда ҷавоб надодам.
Гуфт:
— Э ҷавон! Малика дуо мерасонад ва мегӯяд, ки маро аз шавҳар кардан ор нест. Ту матлабе дорӣ, ки ба шараф дуруст ва табиист. Дар ин боб туро маломате нест. Аммо таърифи худ намудан ва подшоҳии худро сутудан¹ беҷост. Зеро ки бани одами инсон аз ҷинси якдигаранд ва дар ҳақиқат:

Ин хурду бузург, ки ба ном инсонанд,
Дар дасти замона ҳамчу ангуштонанд;
Имрӯз агар пасту баланде доранд,
Фардо, ки бихобанд, ҳама яксонанд!

...Хуб аст, ман ҳам муддатест, ки ба шавҳаре чун ту муштоқам. Аммо ҳар занеро маҳре ва шарте ҳаст. Акнун, чунончи ту эҳтиёҷ ба мол надорӣ, шукр ки ман ҳам мол дорам.
Маҳри ман ва шартҳои ман як чиз ва шарт аст, ки агар аз ӯҳдаи он баромада тавонӣ, ба никоҳи ту медароям...
— Он чӣ шарт аст, — гуфта пурсидам.
Доя гуфт:
— Ту имрӯз меҳмони ман ҳастӣ. Ман саволи туро ба малика арз мекунам, то яқин намояд ва баъд аз он гӯему шунавем.
Маро ба қабулхонаи ҳарам бурданд. Ришсафедон ва эшиқоқоён, мӯътамадони хос бо ман ба сӯҳбат нишастанд.
Доя ба ҳарам рафт. Баъд аз қадре берун баромада, ба сӯҳбати мо нишаст... чун таом хӯрда шуд, доя гуфт:

___________________________ 1 Сутудан — таъриф кардан, хубии чизе ва касеро гуфтан.

пешина
аз 191
навбатӣ