Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Гил кард, барҷасту ба гов савор шуд ва аз ҳамон роҳ баргашт. То асараш пайдо буд, халқ гирён буданд ва чун аз назар пинҳон шуд, мардум бо чашми гирён ва синаи бирён баргаштанд. Ман аз ҳар гӯша ва канор тафтиш намудам, пурсидам, ки он ҷавон кист ва он шӯридагиаш аз баҳри чист? Ҳарчанд мардумро ба зар фирефта кардам, аммо кайфияти он ҷавонро нагуфтанд. «Ҳамин қадар медонем, ки — гуфтанд, — сиёҳпӯшии раият ба мутобаати подшоҳ аст, дигар намедонем!».
Муддате дар он шаҳр гаштам ва дар аввали рӯзи ҳар моҳ ин муомиларо медидам. Баъд аз он ки аз сафар боз омадем ва ба хизмати малика мушарраф шудем, вай аз аҷоиботи он сафар пурсид. Ман ҳамин ҳикояро баён кардам. Малика ба сухани ман бовар накарда, яке аз ғуломони мӯътабарро ба он вилоят фиристод. Ва фармон дод, ки агар ин ҳикоят ҳақиқат бошад, ба ҳар роҳ, ки тавонад сабаби онро фаҳмида бозгардад. Он ғулом рафта дид ва муддати зиёд дар он шаҳр саргардон буд. Умраш ба таҳқиқ кардани ин аҳвол вафо нанамуд. Мулозимон ва одамиёни ӯ чун баргаштанд, аризаи ӯро ба малика расонданд. Вай навишта буд, ки «он ҳикоя рост аст, аммо таҳқиқи асли воқеа амри мушкил... Ман умрамро ба бандагии остон додам (яъне мурдам), боқӣ ихтиёр ба шумост!».
Баъд аз он доя гуфт, ки:
— Э ҷавон! Шунидӣ! Инак шартҳои маликаи мо он аст, ки ба он вилоят равӣ ва таҳқиқ кунӣ ки он ҷавони говсавор кист ва ба халқ мартабонро намуда шикастан ва куштани ғулом аз баҳри чист? Он ҷавонро маскан куҷост? Савораи гов чарост? Ва халқи он шаҳр чаро сиёҳпӯшанд ва дар аввали моҳ чунон дар ҷӯшу хурӯшанд? Агар аз ӯҳдаи он баромадӣ, ба матлаб расидӣ, в-агарна, сари худ гиру бирав!..
Гуфтам:
— Меравам, ё ба мурод бар сари гардун по мениҳам, ё дар ғами ишқи малика ҷон медиҳам!
Ман ғоибона он қадар шавқи мулоқоти он зубдаи хубонро доштам, ки хабар аз сар надоштам...
Ба доя гуфтам:
— Ба малика арз дорам, ки бояд рӯ ба рӯ гӯям.
Доя ба ҳарам рафт арз намуд... Чун шаб шуд, маро ба ҳарам бурданд. Дидам хонаи бузург оро дода шуда, чароғон,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё