Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Шамъҳои кофурӣ равшан ва гулизорон саф бастаанд. Малика дар паси дар нишаста буд. Маро ба курсӣ нишониданд. Ман арз намудам, ки:
— Мехостам аз куҷо будани ин ҳама хароҷотро бидонам.
Малика гуфт:
— Падари ман подшоҳи ин вилоят буд, ҳафт духтар дошт. Як рӯз ҷашн кард ва гуфт: «Агар ман подшоҳ намебудам, шуморо малика кӣ мегуфт?». Ман дар он вақт ҳафтсола будам. Гуфтам ки «Ман худ малика мебошам!». Ин сухани ман ба подшоҳ бад расид. Фармуд, ки инро бараҳна карда, ба рӯи намадпорҷае шинонда, ба саҳро гузошта биёянд. Чокарҳо дор шуда дидам, ки бараҳна дар намадпорҷае ҳастам. Ҳайрон шуда аз ҷо бархостам ва дар саҳро мегаштам, ки ба як марди фақир дучор шудам. Ӯ маро духтар гуфта (духтар хонда) дар саҳро нигоҳ дошт. Ҳар рӯз худаш ба шаҳр рафта, гадоӣ карда нон ёфта меовард. Як рӯз ба ман гуфт: — камтар заминро канда хокро тӯда кун, ки девор созам. Чуун заминро кандам, дарвозае пайдо шуд. Он дарро во кардам, дар миёни ҳуҷраҳои зеризаминӣ зари беинтиҳо баромад. Ман як мушт зарро бароварда пинҳон кардам. Вақте ки фақир омад, гуфтам ки «аз шаҳр рафта меъморонро биёред, ки иҳота созанд». Ӯ рафта меъморон ва мардикоронро овард ва иҳотаро тайёр карданд. Баъд аз он фармудам, ки дар ин ҷо боғ ва ободонӣ намоянд ва ин шаҳрро шаҳри Малика гӯянд. Чуун иморатҳо, боғҳо ва гулзорҳо бино шуд, овоза шуда рафт, ки маликае аз мулки хориҷа омада иморат сохта ва раият обод кардааст. Ин хабарро шунида подшоҳ хабар фиристод, ки «Маликаро гӯянд, орзуи дидани шуморо дорам». Арз кардам, ки «Биёянд, хонаи шумост». Шабона тайёрии зиёфатро кардам. Чуун рӯз шуд, подшоҳ омад. Хони ҷавоҳирот пеш бурда, тасаддук кардам. Баъд худам ҳам омада салом додам ва бо адаби тамомом истодам. Подшоҳ пурсид, ки «Малика аз кадом шаҳр меоянд?». Арз кардам, ки «Э падар, ман худам Малика мебошам!». Падарам бархоста, аз пешонаам бӯсид ва ҳамроҳи худ гирифта, назди модарам овард. Падарам чуун вафот кард, ман ба ҷои ӯ ба тахт нишаста подшоҳӣ мекунам. Кайфият ин аст. Ҳоло бирав, зиёда аз ин дарди сар надеҳ!

пешина
аз 191
навбатӣ