Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Ман аз дидани ин ҳолат бисёр бедимоғ шудам. Бо худ мегуфтам: хок бар сарат, ки аз бадбахтӣ қорат ба ҷое расид, ки барои як табақ таом ариза додӣ...
Дар роҳ низ ғаму ғуссаам ҳамин буд.
Аз хасмии рӯзгор зерӯ забарам,
Хоҳӣ, чӣ кунӣ, фалак, аз ин бештарам?
Ё фарши замин зи зери поям барчин,
Ё чатри фалак бибар зи болои сарам!
Чун ба корвонсарой расидем, ба ғулом гуфтам, ки дастурхонро ба дари ҳуҷра монда баргардад. Баъд худам аз қаҳр дастурхонро бардошта дидам, ки хеле вазнин аст. Тааҷҷуб кардам, ки гаронии ин аз чӣ бошад. Вақте ки ба ҳуҷра дароварда, дар назди он нозанин гузоштам, ӯ узрхоҳӣ карда, гуфт:
– Бикушо то бубинам он қайдӣ (лаънатӣ) чӣ фиристодааст? Ман аз дашноми ӯ он мардро боз ҳам ҳайронтар шудам.
Дастурхонро боз кардам, табақи лангарии сарпӯши нуқрагиндоре дидам, вақте ки сарпӯшро гирифтам, аз ҳар тарафи он табақ тилло рехтан гирифт. Он тиллоҳоро дида, боз як чизи дигар маро ҳайрон кард, ки оё ин сарви равон аз кадом хонадон аст, ки ба як қоғазпорчай бемӯҳр ва беэътибори ӯ он мард ин қадар зар дод. Аҷабтар он ки он мард аҳволи духтарро ҳам напурсид ва ба ғайр аз узрхоҳӣ бо ман дигар сухане накард... Ман дар ин хаёлҳо будам, ки он барно аз рӯи лутф ба ман гуфт:
– Фалонӣ, аз бепулӣ ҳеҷ фикре накун. Ман медонам, ки ту сармояи савдои худро ба роҳи ман сарф кардӣ ва ин кору некии туро то абад фаромӯш карда наметавонам. То зиндаам, туро бандаам:
Ман ба пояш афтодам ва гуфтам:
Ё раб, осеби замон бод зи аҳволат дур, Ки маро сояи лутфи ту ҳамин аст зарур.
Духтари нозанин ба ман таом фармуд. Давида рафта таом овардам. Нозанин таом хӯрда шуда, баъд ба ман гуфт:
– Эй фалонӣ, агар дар даъвии муҳаббат содиқ бошӣ, аз гуфтаи ман набаро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё