Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Гуфтам:
— Ҳар чӣ гӯӣ, ҳар чӣ фармой, сар напечаm.
Гуфт:
— Агар ин тавр аст, ҳозир ба бозор рафта, барои худ ду даст либоси нағз харида биёр.

Ман андак дар андеша шудам, вай ранҷидагӣ барин шуда, гуфт:
— Аз гуфтаву ваъдаат ҳамин қадар зуд мегардӣ. Агар ин тавр бошад, баъд аз ин муомилаи мову ту чӣ мешавад?

Дигар, ба ғайр аз иҷрои амраш чорае намонда буд. Ба бозор рафта ду даст либос харидам ва ба хизматаш овардам. Баъзе, ки андак камбаҳо буд, нахарид ва написандид. Ман чанд маротиба ба бозор рафта он чизҳоро муовиза мекардам. То ки ҳамаи либосам хотирхоҳи он нозанин гардид. Баъд аз он мувофиқи гуфтаи вай ба ҳаммом рафтам ва тағйири либос намудам. Чун ба ҳуҷра даромадам, бағал боз карда маро дарбар кашид ва дар паҳлӯи худ нишонид. Ман аз ниҳояти завқ ва ғояти завқ мегиристам ва ӯ бо остини марҳамат аз рӯям ашкро пок мекард. Дарвешон! Лаззате, ки аз зиндагӣ бурдам, он дам буд. Он қадар меҳрубонӣ нисбат ба ин бедилу дин намуд, ки мехостам ҷон фидояш кунам ва ҳам сари худро фарши хоки пояш кунам.

Баъд аз он гуфт:
— Фалонӣ, акнун ту бояд ба қаҳвахона равӣ ва бо меҳморон сӯҳбат кунӣ ва аз онҳо дараки ҳавлии фурӯширо фаҳмӣ. Вақте ки ҳавлиро дида писанд кунӣ, сурати вайро навишта оварда ба ман нишон медиҳӣ, то ки ман ҳам ба назар бисанҷам ва дар бораи нархаш ба ту маслиҳат диҳам, мабодо ки туро фириб надиҳанд.

Ман аз дилу ҷон итоати фармони он нозанин намуда, як моҳи тамом қаҳвахонагардӣ кардам. То он ки хонаи хуб ва босафо ёфт шуд. Нозанин нақшаи онро маъқул донист ва ба ҳазор тумон харидам. Баъд аз он гуфт, ки:
— Акнун барои ман чодаре биёр!..

Чодар харида овардам. Он сарвкади хуршедрӯ даруни чодарро ба нури шамъи қомати худ мисли ҳуҷлан фонус музайян ва мунаввар сохт ва фармуд, ки ба соҳиби сарой чанд динор бидиҳам. Ман ба фармудаи ӯ амал намуда, асбоби дар-

пешина
аз 191
навбатӣ