Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Хушнудӣ кард, ки дилам роҳат ёфт ва аз хиҷолат баромадам. Баъд аз он аз ман тарзи меҳмондорӣ ва аҳволи он хонаро пурсид. Ман ҳамаи воқеаҳои шудагиро як ба як гуфта додам.
Баъд аз он, шамъи шабистони нуктадонӣ ба шакарфишонӣ даромада, гуфт:
— Фалонӣ, ҳеҷ медонӣ, ки риндони қоидадон, нони мардон дар шиками мардон қарз медонанд.
Ман аз хиҷолат сар ба зер афганда бо худ гуфтам: «Ҳоло бо киноя сарзаниш мекунад ва мегӯяд: «Модоме ки дар ивази меҳмонии ӯ меҳмонӣ кардан наметавонистӣ, чаро дар чунин меҳмонӣ мондӣ?» ва ба ӯ гуфтам:
— Эй меҳрубон, хиҷолати ман кифоят аст, чӣ эҳтиёҷ ба киноят аст?
Ӯ гуфт:
— Фалонӣ, сухани маро киноя мапиндор ва таъна машумор, балки матлаби ман он аст, ки ту ҳам чашм напӯшӣ (саратро ба дарун кашида нашин) ва ба муқобили зиёфати ӯ зиёфате бидеҳ!
Ман гиря карда, ба ӯ гуфтам:
— Дар хонаи мо, ки ба ғайр аз чордевор ва сақфу дар чизи дигар нест, ман чӣ тавр меҳмон хабар кунам?
Ӯ хандид ва гуфт:
— Аз ин ваҷҳ ғам мадор... бархез, рафта ҷавонро ба меҳмонӣ хабар карда биёр.
Дидам, ки намешавад, ба дил гуфтам, ки барои хотири нозанин аз хона мебароям ва ба пеши он ҷавон рафта, аз ҷиҳати аз хонааш ба ӯ нафаҳмонда ва берухсат баромада омаданам узр металабам ва ба ӯ гуфтам:
— Ҳар чӣ фармоӣ, гардан ниҳам.
Ӯ гуфт:
— Мабодо, ки аз шармандагӣ тарсида, ӯро хабар накарда биёй. Аммо ман дар интизор ҳастам.
Дарвешон! Ҳарчанд фикр кардам, пай ба маънии суханҳои он нозанин набурдам. Боре аз хона берун омадам ва дар дил гуфтам: «Ба пеши ӯ меравам ва барои амал кардан ба фармони ин нозанин ӯро ба меҳмонӣ таклиф мекунам. Аммо ба навие, ки ӯ қабул накунад...»
Вақте ки ба дӯкони он ҷавон расидам, аз ҷо бархосту ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё