Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Агарчи бода фарахбахшу ҷом гулбез аст,
Ба бонги чанг махӯр май, ки, мӯҳтасиб, тез аст.
Сурохиею ҳарифе ғарат ба чанг афтад,
Ба айш, кӯш ки айём фитнаангез аст.
Аҳли маҷлис аз нағмаи соз ва шӯълаи овози он дилнавоз ба хурӯш омаданд ва ман якбора аз даст ва аз по афтодам. Он ҷавон чун маро маст дид, аз ҷо бархоста, дастамро гирифта, бурда бар рӯи кати хотамбандӣ, ки раҳти хоби муносибе дар вай паҳн карда шуда буд, хобонид. Вақте ки саҳар ба ҳуш омадам, дидам, ки он ҷавон бо он нозаниндухтар дар пои кат нишастаанд ва дар наздашон маю ҷому хону маза. Дар он ҳол хоб кардани худро тарқи адаб шумурда аз ҷо бархостам ва дар назди онҳо нишастам. Онҳо ба ман меҳрубонии зиёде намуданд. Он дилором зуд як қадаҳ май пеш овард, ман ҳам билотакаллуф бардоштам ва баъд ба сӯҳбат машғул шудем. Вақте ки рӯз равшан шуд, димоғҳои мо чок буд, сар аз по намешинохтем. Сухан мухтасар, он рӯз, он шаб ва рӯзи дигар ва шаби дигар мудом маст ва лояъқил будем...
Шаби чорум хоб аз дидаам парид ва ба хотирам дилбарам омад ва ҳушам рафт. Охир, вай дар хона танҳо монда буд. Ман худамро маломат мекардам ва аз паҳлӯ ба паҳлӯ мегелидам. Саҳар он ду боз ба пои кати ман омада нишастанд ва ҳарчанд хостанд, ки ман ҳам бархезам ва бо онҳо ба сӯҳбат нишинам, барнахостам. Ниҳоят онҳо аз ман ноумед шуда, бархоста рафтанд.
Ман он ҳолро ғанимат шумурда, аз ҷо бархоста, сару тани худро шустам ва либосамро пӯшида, ба хона равон шудам. Дар роҳ худро таъна ва маломат менамудам, ки бо як ҳаракати ношоиста ҳамин қадар умед ва орзуро барбод додӣ. Чун ба дари хона расидам, дарвозаро кӯфтам, он нозанин зуд дарро кушод, маро парешонхотир дида табассум намуд. Ман ба пояш афтодам ва забон ба узрхоҳӣ кушодам.
Ӯ гуфт:
— Эй ҷоҳил, ин изтироб чист? Маълум аст, ки ба хонаи мардум рафтан ба дасти худ аст ва берун омадан ба ризои соҳиби хона...
Бо ин хел суханон маро тасаллӣ дода, чунон изҳори

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё