Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Малика инро гуфт ва равон шуд. Ҳарчанд сухане гуфтан хостам, хоҷасарой ва канизон нагузоштанд. Малика аз назар ғоиб шуд ва маро аз дар берун бароварданд ва тиллоҳоро ба ман доданд. Лекин ман қабул накардам. Онҳо дарро бастанд ва рафтанд ва ман бо дили кабоб ва чашми пуроб ба масҷид рафтам, дар он ҷо дар хилвате макон сохтам ва ба ҳеҷ кас напардохтам. Рӯзҳо ба кунҷе менишастам, лаб аз нолаву фиғон мебастам. Шаб то рӯз намехуфтам ва мегуфтам:
Дидӣ, ки фалак бо мани мискин чӣ ҷафо кард, К-аз коми дилам боз ба ноком ҷудо кард...
Гоҳ мегуфтам:
Дилӣ, ки ёр ҷуз сари ҷавру ситам надошт, Бишкаст аҳду аз ғами мо ҳеҷ ғам надошт.
То шаш моҳ аҳволам ҳамин буд. Баъд бемор шудам... то чил рӯз бемориам кашол ёфта, рӯз то рӯз аҳволам бадтар мешуд. То ба дараҷае расид, ки се рӯз бехуд хоб кардам. Мардумоне, ки ба масҷид меомаданд, ба ҷавонии ман афсӯс мехӯрданд.
Аз қазо дар рӯзи охир хоҷасарой, ки аз воқеаи он шаб хабардор буд, ба масҷид меояд, ҷамъияти мардумро дида, ӯ ҳам бар сари ман омада, аҳволамро мебинад, маро мешиносад. Ба аҳволи ман раҳмаш омада гирякунон рафта, ин ҳоли маро ба малика мефаҳмонад. Ӯ ба хоҷасарой мефармояд, ки рафта ба болини ӯ нишин, агар то бегоҳ бимирад, шабона дароварда дар зери фалон дарахт гӯр кун. Агар ҳаёташ боқӣ монад, шабона, аз ҳама пинҳонӣ ба ҳарам дарор, то ки худ муолиҷа кунам...
Вақте ки чашм кушодам, дар сари болинам он нозанинро дидам, ки ба ҳалқам шарбат мечаконад. Ман боз гашта ҷон гирифтам. Табиби доно маро муолиҷа карда, дар муддати бист рӯз ба ҳол овард. Ҳар рӯз нозанини дилбарам ба сарам меомад ва ба ман меҳрубонӣ мекард. Ман ҳам ҳар рӯз ҷони тозае мегирифтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё