Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Дарди ошиқро давофе беҳтар аз маъшук нест, Шарбати бемории Фарҳод Ширин кардаанд...

Шабе дар аснои сӯҳбат гуфт:
— Фалонӣ, матлаб чист ва чӣ муддао дорӣ?
Гуфтам: — Фидоят гардам.

Дарде, ки дилам нуҳуфта дорад, Пайванд ба бахти хуфта дорад.
Чун турраи дӯст наҳли оҳам Сад ғунчаи ношукуфта дорад...

Ӯ гуфт:
— Хуб! Ҳаққи ту бар ман бисёр аст. Ман ҳам баъд аз ин ризои туро меҷӯям ва тариқи салоҳи ту мепӯям.
Эй ҷавон, бидон ки ман духтари шоҳи Шомам. Падарам ба ғайри ман фарзанде надошт, бинобар он маро бисёр дӯст медошт. Ман аз рӯзе, ки худро шинохтаам, ба ишрату сӯҳбат пардохтаам, бе бодаву ҷом ва айши мудом насохтаам ва ҳамеша дар сӯҳбати гулгизорон будам. Як рӯз расида мондани моҳи рамазонро донистам. Дар вақти рӯза нӯшидани майро тарк кардан лозим шуд. Аммо ман азбаски ба шароб одат доштам, бе майнӯшӣ тоқатам тоқ шуд, дилам метапид ва дасту поям меларзид. Аҳволам бисёр бад гардид. Ман як хоҷасарои пире доштам, ки кӯкнор мехӯрд. Он пир ҳоли маро дида, раҳмаш омад ва гуфт:
— Агар малика андаке кӯкнор хӯранд, ба ҳол меоянд.
Ман ҳатто номи кӯкнорро ҳам нашунида будам, бинобар он фикр нокарда ба тайёр карданаш амр кардам.
Хоҷасарой ба талаби кӯкнор рафта, бо як калбачай 8-9-сола бозгашт. Калбача либосҳои даридагӣ ва ифлос дошт.
Азбаски ба куртааш кӯкнор рехта буд, ранги онро шинохтан мумкин намешуд... надонистам, ки матлаби хоҷасарой аз овардани ӯ чӣ буд... ман бо дидани он хамирмояи наҳбат беҳузур шудам ва ба хоҷасарой итоб кардам. Хоҷасарой табассум карда, гуфт:
— Саломат бошед! Ба халқи Худо бо чашми ҳақорат назар кардан хуб нест...

пешина
аз 191
навбатӣ