Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Рӯзе ба ӯ гуфтам:
- Чаро либоси худро дигар намекунӣ? Ва он ҳама танга ва тиллоҳоро, ки вакилони ман ба ту доданд, чӣ кардӣ?
Ӯ ба гиря даромада, гуфт: - Ман як сағири бекас ҳастам. Устодам маро ба иҷора гирифтааст, соле як тилло ва нони ҳаррӯзаамро медиҳад. Ман ҳар чӣ кор кунам, моли ӯст ва бурда ба ӯ месупорам.
Маро аз бемурувватии он номард (устоди вай) бад омад, ки ба воситаи ҳамин тифл сармояи калон ба даст оварда буд. Он ҳамон марди сарроф аст, ки ту аз вай як табақ зар оварда будӣ. Ман ба қалбача гуфтам, ки: - Худат кӯкнор тайёр карда метавонӣ ва дар назди мо мемонӣ?
Ӯ аз дилу ҷон қабул кард. Баъд аз ин ба вай асбоби кӯкнортайёркунӣ муҳайё карда доданд ва худи ӯро тоза карда, либосҳои олиҷанобона пӯшониданд, сарашро даво карда, дуруст карданд. Ӯ аз он касофат халос шуд. Як ҷавони хушрӯ ва ширинзабон гашт. Оҳиста-оҳиста вай калон шуда, як ҷавони тару тозаи хушкомат гашт ва мо аз сӯҳбаташ тоби ҷудой надоштем. Рафта-рафта кор ба ҷое расид, ки шавки диданаш ба дидаам ҷо гирифт ва султони муҳаббаташ ба дилам маҷво гирифт. Даме агар намедидам, дилам метапид, рангам мепарид, ба ҳолате, ки ҳамсӯҳбатонам ба ишқи ман пай бурданд.
Аз париданҳои рангу аз тапиданҳои дил Ошиқи бечора ҳар ҷо ҳаст, расво мешавад.
...То се сол бо ҳамин тариқ ба ишқ мебохтам ва ба ҳар тариқ ба ҳаҷру васл месохтам. Баъд аз се сол доя чунон маслиҳат дод, ки дигар ӯ дар пеши назари мардум ба ҳарам надарояд, ки боиси маломат мешавад. Мулоқотро аз мардум пинҳонӣ кардан лозим. Бинобар он ба ҳамин қарор доданд, ки барои вай ягон хизмате бидиҳанд ва дар қатори хизматгорони мӯътамади даргоҳ бошад. Аз рӯи ин қарор фармудем, ки барои ӯ ба ду ҳазор туман матоъ харида, дар чорсӯ дӯкони бузурге тартиб доданд ва барои хотири мо аз ҳар ҷиҳат ӯро риоя мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё