Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Баъд аз ин барои ӯ аз ҳамсоягии ҳарам як ҳавлӣ харида доданд. Хизматгор ва канизон бахшидам. Аз дигарон пинҳонӣ ба ҳавлии ӯ аз боғчаи нақб какандам ва ҳар шаб ӯро аз он нақб чеғ зада оварда, то субҳ сӯҳбат мекардам ва мафтуни ӯ будам. Як шаб он марҳами ҷонро дарҳам ва парешон дидам ва аз сабаби он пурсидам.
Гуфт:
– Дар канори шаҳр боғе ба фурӯш монда шудааст, ки дар ин вилоят боғе бо ин хубию сафо ва лутфу ҳаво нест ва бо ин ки ба се ҳазор туман меарзад, ба ҳазор туман мефурӯшанд ва ман зар надорам.
Бо он ки медонистам, эҳтиёҷ ба зар надорад, ризои ӯ ҷуста дилдорияш намудам ва қимати боғро адо фармудам. Чун боғро харидам, шабе бо ҳамроҳии ӯ боғро сайр карда дидам, ки ҳақиқатан ҷои фараҳфазо ва макони айш будааст. Бо ҳамин боз чанд гоҳ хурсанд будам... муддате бар ин ҳол гузашт ва боз як шаб ӯро хафа дидам. Сабабашро пурсидам, гуфт:
– Як канизаки румияро мефурӯшанд, хеле хушовоз ва чангро хуб менавозад. Инчунин одоб ва расми зиндагиро ҳам хуб медонад. Агар рухсат диҳӣ, барои ту, маликаам, ӯро бихарам.
Чун донистам, ки ӯ мехоҳад, нархашро пурсидам. Дусад туман гуфт, дарҳол додам ва канизакро ба худаш бахшидам. Чун канизакро ба хонааш овард, шабе рафта ба сӯҳбат нишастам. Алҳақ аз ҳар ҷиҳат қобил ва аз ҳама сӯ комил буд. Ҳилъат ва зевараш бахшидам. Баъд аз ин чанд гоҳ бо хурсандии гузашт. Шабе хоҷасарой ба талаби он ҷавон рафт ва боз омада гуфт, ки бемор шудааст. Тоқат карда натавониста худ рафтам. Дидам, ки сар ба зонуи каниз гузошта ва ба рӯи ӯ маҳв буд. Нигоҳи ӯро дида фаҳмидам, ки дилаш ба ӯ моил шудааст. Ҳарчанд ки рашкам гирифт ва баданам ларзид, боз худдорӣ намудам. Онҳо маро дида парешон шуданд ва ҳар кадом ба кунҷе рафта нишастанд. Ман аҳамият надода ҳолпурсӣ намудам. Аммо вай нолида, ба худ мепечид... хулоса, баъд аз ин он ҷавон ба худ наомад. Шабҳои дароз ман дар таби фироқ месӯхтам. Як шаби дигар ҳам кас мондам, омада гуфтанд, ки дар хонааш нест. Ин хабарро шунидаму оташи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё