Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ки худи ман ба ӯ харида дода будам, ба даст гирифта ва хост, ки бар худ занад. Ман пеш давида, ба дасташ часпидам ва ба поях афтода, гуфтам, ки:
— Қурбонат шавам, маро куш, ки куштани манам.

Ӯ ҳам аз қаҳр ханҷарро ба пушт, ба паҳлӯ ва дасту бозуи ман задан гирифт. То ки ман бехуд гашта надонистам, ки дигар чӣ шуд. Вақте ки ба ҳуш омада чашм кушодам, худро дар сандуқ ва туро ба болои сар дидам. Ба гумони ман ҳамин тавр мерасад, ки он ҷавон сандуқро ба хандақ партофтанӣ будааст. Лекин иттифоқан сандуқ ба хушкӣ афтода ва ту онро бардоштаӣ ва сабаби ҳаёти ман шудӣ. Сабаб он буд, ки ман ба ивази хуни худ он чашмдаридаро бо он гесубурида ба қасос расонидам. Он кас ки ман ӯро аз он ҳолати пурнағбат халос карда, ба он дараҷаи аъло расонидам, бо ман ҳамин тавр кард...

Дарвешон! Ман ба ғайрат ва мардонагии он дилбар таҳсину офарин гуфта пурсидам, ки:
— Дар он нимрӯзӣ он қадар асбоб ва хизматгорро чӣ тавр пайдо кардӣ?
Гуфт: — Аз саркори падарам.
Гуфтам: — Дар рӯзҳое, ки аз хона ғоиб будӣ, падар ва модарат дар ташвиш наафтоданд ва ба онҳо чӣ баҳона пеш овардӣ?
Ӯ гуфт:
— Фалонӣ, подшоҳони Шом одат доранд, ки шаш моҳ дар пойтахт истода, шаш моҳ вилоятҳоро мегарданд. Иттифоқан муддати ғоиб шудани ман дар вақти ба сафар будани падарам рост омада буд. Модарам аз рӯи дурандешӣ ва боақлӣ ҳеҷ овоза накарда, махфиёна дар ҷустуҷӯи ман будааст. Вақте ки ту ба талаби он ҷавон рафтӣ, ман чодар ба сар гирифта ба хона рафтам. Модарамро дидам, ӯ аз аҳволам пурсид. Гуфтам:
— Ба ҳаққи худо, ки ба ихтиёри худам ғоиб нашуда будам. Вале ба ҳар ҳол ман сиҳат ва саломат ва номусам дар ҷояш аст.

Модарам аз ин хабар хурсанд шуд. Баъд ман ба дасту пои ӯ афтода зорӣ кардам ва боз се рӯз мӯҳлат ва баъзе чизу чораҳо ва мулозимҳо пурсидам. Азбаски модарам маро дӯст

пешина
аз 191
навбатӣ