Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

медошт, ба ҳама рухсат дод. Ман ҳам бо одамони хосам зуд чизу чораҳоро ба он ҳавлӣ кашондам ва қасосамро аз он нобакорон гирифтам... Ана ҳикояи ман ҳамин аст, акнун ту розӣ шудӣ?

Дарвешон! Ман ба ӯ гуфтам:
— Э паризод! Маро бо ҳамин хушнуд кардӣ, ки ба дилсӯхтагон ҳамдардӣ, аз ҳоли дилам бохабарӣ.

Ин сухани маро шунида, баъди фикри бисёр гуфт:
— Мо ки додем дилу дида ба тӯфони бало,
К-ӯ, биё, сели ғаму хона зи бунёд бибар!

Ҳоло ба ғайр аз ризои туро ба даст овардан дигар илоҷе надорам. Вале ризои туро ба даст овардан, дар ин шаҳр намешавад. Тарки ватан кардан лозим аст. Хуб, мунтазири вақт бош...

Аз ин сухан, хотири парешони ман осудатар шуд. Чанд рӯзи дигар дар посбонхонаи хоҷасарой будам. Як шаб, баъд аз хоб кардани ҳама, он нозанин либосҳои мардона пӯшида ва мусаллаҳ шуда омад ва гуфт:
— Зуд хез ки вақт аз даст меравад.

Ман ҳам аз ҷо ҷастам ва аз паси ӯ равон шудам. Вай ба аспхонаи хос даромада ду сар аспи модиёни давандро баровард ва ба ман дод ва худаш ба ҳарам бозгашт. Баъд аз қадаре ду хӯрчин пур аз зару мол ва хӯрдани ва ду даст силоҳ бароварда ба аспҳо бор кард. Ман ҳам мусаллаҳ шудам ва ҳар ду савор шуда аз шаҳр баромадем. Шабу рӯз роҳ мегаштем. Рӯзонаҳо дар канори обшорҳо нишаста роҳат мекардем, хӯрок мехӯрдем. Баъд аз як моҳ асп рондан мо шабе роҳро гум кардем ва то чоштгоҳ бероҳа дар биёбон асп рондем. Ҳаво бисёр гарм буд. То ин ки аз пеши рӯямон як наҳри бузурге омада баромад. Ҳеҷ ҷои гузаргоҳ набуд, ки аз об гузарем. Дар канор танҳо як дарахти солхӯрда буд, ки ман дилбарамро дар сояи он монда худам ба ҷустуҷӯи гузаргоҳ ба боло ва поёни наҳр асп рондам. Гашта омада аз он дилбар асаре наёфтам. Ман дар дил гуфтам, ки шояд аз паси мо таъқиб карда омада ӯро дар ин ҷо дида, боз ба Шом гирифта бурда бошанд. Бинобар он тағйири либос карда ба Шом рафтам.

пешина
аз 191
навбатӣ