Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

БАЁНИ САРГУЗАШТИ ДАРВЕШИ ДУЮМ

Азизоне, ки бар сар ҳуш доранд, Ки як соат ба ҳарфғам гӯш доранд?

Дарвешон ва азизон, бидонед, ки бандаи шумо подшоҳзодаам, аз вилояти Аҷам ва падарам аз ҷинси фарзанд ҳамин маро дошт. Ба умеди он ки ҷонишини ӯ бошам, дар ҳини ҳаёти худ бандаро валиаҳди худ гардонида, корҳои мамлақатро ба ихтиёри ман гузошт. Банда низ бо вуҷуди хурдсолиам тамоми корҳои мамлақатро ба роҳ мебурдам ва ба айшу ишрати безаҳмат ва меҳнат фармонфармоӣ мекардам. Аз он ҷо, ки тақозои ҷавонӣ аст, аз ҷумлаи лаҳву лааб¹ ба сайру шикор машғул ва моил будам.

1 Лаҳву лааб – бозии беҳуда, рӯзгузаронӣ бо шӯхиву бозӣ, рӯзгузаронӣ бо айšu нӯши барзиёд.

пешина
аз 191
навбатӣ