Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Вале дар он ҷо ҳам бӯи умеде ба димогам нарасид. Ва ҳамчунин ба талаби он моҳрухсор ба Димишк ва дигар шаҳрҳо гардиш кардам. Вале аз ҳеҷ ҷо асар наёфтам. Баъд, қарор додам, ки худро ҳалок кунам. Бо ин мақсад ба домани кӯҳе расидам, худро ба камараш кашидам, ба қасди он ки худро ба зери кӯҳ андозам ва аз он марги ба ном зиндагӣ халосӣ ёбам ва дар фироки ҷонон ҷон дарбозам.
Дар қуллаи кӯҳ марди зоҳидеро дидам, ки бар лаби чашма ва пои дарахте нишаста машғули ибодат. Чун маро дид, аз парешонии аҳволам пурсид. Ман ин ҳикояро ба ӯ нақл кардам ва аз иродаи худ низ ӯро хабар додам. Он мард лаб ба ханда кушода, гуфт:
— Хотир ҷамъ дор, ки гумшудаат мавҷуд аст ва ӯро сиҳат саломат хоҳӣ дид, ба висолаш хоҳӣ расид. Дар Кустантания дар роҳ ба ту се нафар дарвеш рафиқ хоҳанд шуд. Ҳар кадоми онҳо соҳиби матлаби азиманд. Занни ғолиб он ки подшоҳи он вилоят низ матлабе дорад. Шумо дар рӯзи аввал, ки ба он шаҳр медароед, ба назди шоҳ меравед. Баъд аз ба матлаб расидани шоҳ, шумо ҳам ба мақсад мерасед.
Чун муждаи дидор ва ваъдаи висоли дилдор аз он мард шунидам, аз рӯи завқ равона ба ин сӯ гардидам. Имрӯз ба хизмати шумо расидам ва як ҳукми он мард рост баромад. Бинам то рӯзи дигар чӣ мерасад. Акнун ҳар кадоми аз шуморо ки димоғ вафо кунад ва табъ такозо мекунад, аз саргузашти худ бигӯяд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё