Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

...Чӣ кунам оҳ, ки нақди дилу дин бохтаам, Рафтаам сангдилеро бути худ сохтаам.

Алкисса пир насиҳати бисёр кард, нашунидам... ниҳоят гуфт:
— Э ҷавон, агар нагӯям, ту меранҷӣ.
Ман гуфтам:
— Ту бигӯ, баъд аз он маро ба ман бигузор!
Гуфт:
— Э фарзанд! Маро Нӯъмони сайёҳ мегӯянд. Ҷои таваллудам Ироқи араб аст. Аз падар моли зиёд ба мерос ёфтам ва дар аввали ҷавонӣ ба сафар шитофтам ва тамоми умр дар тиҷорат мепаймудам. Аммо дар ҳеҷ вилояте беш аз чанд рӯз намеистодам. Дар ҳафт иқлим рӯз мегузаронидам. То ба ҳадде ки ба сайёҳӣ машҳур шудам. Аз қазо навбате гузарам ба мулки Фаранг афтод. Ба шаҳре ки онро Аржанги дунё меноманд, рафта расидем. Сифати он шаҳр ҳамин, ки ду маъмураи васеъ буда, дар канори дарё воқеъ аст ва рӯдхонаи бузурге мобайни он ду маъмура ҷорист. Дар ҳар як аз он ду маъмура подшоҳе алоҳида фармонфармоӣ мекунад ва он рӯд ҳадду садди (девори) қаламрави онҳост. Мо ба яке аз он ду шаҳр, ки ба калонӣ аз они дигар мумтоз аст, фуромадем.
Чанд рӯз, ки гузашт, овозаи омадани савдогарон дар он вилоят паҳн шуд. Рӯзе дар аввали сабоҳ дар ҳуҷра нишаста будам, ки хоҷасарой бо пиразане ва чанд нафар мулозим дохили корвонсарой шуда, хосткори коло шуданд. Савдогарон онҳоро ба ман далолат карданд. Вақте ки онҳо ба дари ҳуҷраи ман расиданд, аз вазъи онҳо фаҳмидам, ки ходимони бузургонанд. Онҳоро баодоб қабул намуда, аз матлабашон пурсидам:
Хоҷа гуфт:
— Маликаи офоқ матоъ ва қумош талабида. Акнун ту аз ҳар ҷинс матои нафисе, ки дорӣ, бо худ бардор, то ба хизмати малика мушарраф шавӣ.

1 Маъмура — ободонӣ, ҷои одамнишин.
2 Хоҷасарой — сарпосбони ҳарам, мутасаддии корҳои ҳарам (барои подшоҳон ва табақаҳои болои феодалҳо)

пешина
аз 191
навбатӣ