Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ман зуд матои бисёр, чӣ аз худ, чӣ аз савдогарони дигар гирифтам ва бо онҳо рафтам. Ба хонаи подшоҳ расидем. Маро ба дарун бурданд. Чун ба ҳарам даромадам, иморати олии дидам, пур аз нозанинсанамони фарангӣ... ҳама хуршедликои моҳпайкар, ҳама нозукандоми симинбар, ҳама зӯҳраҷабин ва рашки қамар. Дар он миён нозаниндилороме, нозукандоме, моҳрухсоре, оҳунигоҳе, мижгонсиёҳе, писталабе, симинғаббаге, мушкамӯе, камандгесӯе, ғунчадаҳоне, ширинқаломе... чун оби ҳаёт дар сиёҳӣ ниҳон гашта, бар болои нимтахте нишаста ва дигар моҳпайкарон монанди ситорагон бар гирдаш саф баста. Лекин он подшоҳи сурату маъnӣ дар айнӣ бедимоғӣ сар ба зер афканда ва асари малол аз пешонаи ҳолаш намоён буд.

Чун ба он маҷмаи ҳӯру парӣ ва он қутби фалаки дилбарӣ назарам афтод, дил аз дастам рафт ва тири ишқ дар синаам то пар нишаст: матои сабр аз каф додам ва ба доми ғам афтодам.

Ба сари зулфи дарозаш на дили шайдо рафт, Ҷону сар низ ҳама дар сари ин савдо рафт.

Маҳви ҷамоли хуршедмисол гардидам. Наздик ба он расид, ки гиребон пора кунам! Боз худдорӣ кардам, вале...

...Аз муҳаббат чун шавам монеъ дили девонаро, Қай тавонад манъ кард аз сӯхтан парвонаро!

...Ёрои гуфтор ва қуввати рафторам намонд, бар ҷо хушк шудам. Баъд аз ламҳае (лаҳзае) он саромади хубон сар баровард (бардошт) ва ба сӯи ман назар кард ва лаб ба табассум кушода, гуфт:
—...Муслимӣ², пеш биё, матои худро кушо!

Чун нигоҳи лутфомез ва ишваангезро дидам, пеш давидам ва ба ин мазмун тараннум кардам:

— Э, ба рӯйи ту чашми ҷон равшан, В-аз фурӯғи рухат ҷаҳон равшан!

_____________________ ¹ Хуршедлиқо – офтобрӯ.
² Муслимӣ — мусалмон.

пешина
аз 191
навбатӣ